Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маҳз ҳамин ҳолатҳо сабаб гардидаву ман хатеро дар шакли амуди бо ҳарфи “А” пайваст намудам.
Чун дар сайрхати қисмати ҷанубӣ (рақамҳои поёни лисон) қарор доштам, убур намудани хатти экватор (хатти дуқатшудаи мобайни лисон, ки нуқтаҳои “А” ва “В” –ро мепайваст) - ро ба мақсад мувофиқ нашумурда, дар шакли уфуқӣ ҳаракат намудам. Ҳангоми ҳаракат дар нимароҳ мушкилоти дигареро рақами 5 пеш овард. Хостам он ҷисми доирашаклро, ки дар самти ҳаракатам монеа эҷод кард, ба поён тела диҳам. Рафту агар ҷисми садди роҳамшуда дар шакли амудӣ ба поён ғел зада мерафт, нураналонур мешуд ва ман бо тамоми қувва онро ба поён тела додам, вале ҳанӯз чоряки боқимондаи қисмати дуюми роҳро тай накарда, ҳамон доираи хомӯшу сокит самти ҳаракати хешро дар шакли уфуқӣ рост кард ва бо тамоми қувва ба ҳамҷинси доирашакли хеш, ки дар харитаи тақдир таҳти рақами 6 сабти ном шуда буд, бархӯрд. Аз садои бархӯрди ин ду ҷисми доирашакл, ки таркиши вулқонро ба хотир меовард, лаҳзае худро намудам. Чун хотиротам ба сар омаду чашм кушодам, худро дар байни чангу ғубори зиёде дида, бо ҳарду дастам сарамро дошта чашмонамро пӯшидам...
Вақте ба худ омадам, дигар аз он чангу ғубор нишоне надидам. Ба назар чунин мерасид, ки ҳеҷ монеаеро банда ҳангоми ҳаракат дар ин сайрхат дучор наомадаам. Гӯё сари мизи корӣ нею сари манзили ғарибе қарор доштам, ки на чароғе, на гуле,на пари парвона, на садои булбуле...
Хомаро ба даст гирифта хостам онро болои лисон барам ва ба ин васила ҳарду рақамро бо ҳарфҳои дар хатти экваторбуда пайваст намоям, вале...
Дастам ларзид ва хома болои лисон афтид...
Дар ҳоле ки қисмати охири хома болои доирачаи рақами
5 қарор гирифт, нӯги он чун нӯги ақрабаки қутбнамо болои рақами 3 рост шуд. Муддате ба андеша рафтам, ки чаро чунин шуд ва ғайриинтизор суханони муаллими фанни ҷуғрофияро дар бораи ҳаракати қутбнамо ба хотир овардам:
“Ақрабаки қутбнамо ҳамеша тарафи шимолро нишон медиҳад ва тарафи муқобили он дар самти ҷануб рост мешавад.

пешина
аз 527
навбатӣ