Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муайян намудани тарафҳои шарқу ғарб ба донишу маҳорати нафаре вобаста аст, ки истифодаи қутбнаморо ба душ гирифта...” Дар замоне ки хома ҳанӯз чун ақрабаки қутбнамо болои лисон қарор дошт, мавҷи андешаҳоям лаппиш хӯрд ва банда суханони нафареро, ки ақрабаки кутбнамо муаррифгари номаш шуд, ба ёд овардам:
-Ҳоло соат чанд? - ба ҷойи ба саволам посух гуфтан пурсид мусоҳибам.
-Чӣ ба ягон ҷо шитоб доред?
-Не.
-Пас донистани вақт ба шумо чӣ лозим?
-Ба ман не, ба шумо лозим мешавад ва албатта дар рафти тафтишот шумо на як бору ду бор сари ин масъала хоҳед баргашт.
-Соат чордаҳу ҳашт дақиқа, - ниҳоят шикасти хешро эътироф карда гуфтам ман.
-Ман бошам, соати сенздаҳу понздаҳ дақиқа вориди хона шудам ва ҳанӯз тағйири либос накарда будам, ки занги дар садо дод ва дилу бедилон рафта даро кушодам ва дар остона ана ин касро, - ӯ бо ангушташ ба тарафи Сабоҳати Комил ишора намуд, - дидам...
Лаҳзае боз мавҷи хотиротамро дар атрофи нафаре ки дар қисмати шимолии харитаи тақдир таҳти рақами 3 сабти ном шуда буд, варақгардон намудам, вале варақҳои намгирифтаро бозгардон намудан осон набуд ва бо душворӣ ҳам бошад, фаҳмидам, ки нафари мавриди таваҷҷуҳам қароргирифта замоне дар ҳайати экспедитсияи геологии ҷанубӣ ба ҳайси фелдшер кору фаъолият намудааст. Он рӯз эшон ба банда фаҳмонд, ки ҳар нафаре мақсади воридшавӣ ба биноро дорад, мушкилоте пешорӯяш нахоҳад омад ва баъди чунин андешаронӣ боз ба ҳимояи нафари дар дидбонгоҳ буда дасту остин барзад. Ба қавле дар як вохӯрии кӯтоҳ ӯ ҳам дар наъл заду ҳам дар пошна...
Маҳз ҳамин ҳолат сабаб шуд ва банда хомаро бардошта рақами 3 - ро дар шакли амудӣ бо рақами 6 пайваст намудам.

пешина
аз 527
навбатӣ