Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ҳангоми иҷроиши ин амал ҳатто худам ҳам нафаҳмидам, ки чӣ тавр хатти кашидаам дар экватор нуқтаи “В” - ро бурида гузашт. Чун хатти қисмати ҷанубии экватор ҳануз побарҷо буд, пайвастшавии нуқтаҳои 3 бо 6 болои харита як секунҷаи росткунҷаро ба миён овард.
Беҳуда нагуфтаанд, ки тадбир ба тақдири Худованд намонад ва ҳар чанд тайи ин бисту ду шабонарӯз мо дар атрофи ду куштор тадбир ҷустем, муроде ҳосил нашуд ва ҳоло ҳам банда боварие надоштам, ки муроде ҳосил мешавад, чунки ҳамаи ҷаҳду талошҳои то ба имрӯз намудаамон характери умумӣ доштанд, ки мо дар талоши аз кадом нӯги гиреҳ доштан дастак мезадем. Ба ин ҳама дирӯз ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Ҷомии Шариф нуқта гузошт. Маҳз ҷаҳду талошҳои ӯ буд, ки боз симои ду нафар, ки дар байни 15 дақиқа дар ҷойи ҳодиса буданд, рӯйи саҳна омад. Чун симои ҳарду нафар бароямон то ҳанӯз норавшан буд, банда ҳамаи онро аз рӯйи вақт дар харитаи тақдир ҷо ба ҷо намуда, алоқамандиеро дар ҳаракатҳои онҳо ҷӯё шудам. То кадом андоза ин кор дар рӯзи охири сол ба ман даст дод, намедонам, вале то ҳадде тавонистам, алоқамандии иштирокчиёни иҷбориро бо шоҳидони ихтиёрӣ, ки аз лаҳзаи аввали тафтишот ба мо ёрӣ додан мехостанд, чун донаҳои як занҷир ба ришта кашидам, вале шадда пайваст нашуд, ки нашуд. Шояд ҳамаи инро сабаб он буд, ки мо то кунун ҳадафи аслии қотилро, ки боиси ба чунин амал даст заданаш гардидааст, намедонистем. Нафари дар тафтишот сару кор дошта бояд чун ғижжакнавози моҳир аз ҳама нозукиҳои ин касб огоҳии пурра дошта бошад ва норасоиро дар ҳар як тори ин асбоби мусиқӣ ба куллӣ дарк намояд, то ҳангоми навохтани он садои дилхароше берун наояду боиси малоли хотири шунаванда гардад. Ҳамин талаботро дар юриспруденсия ҳадафи асосӣ ва марказии тафтишот меҳисобанд, ки иҷрои он дар ҳама давру замон ҳатмӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Ман бори дигар ба он коғази бо нишонаҳои геометрӣ “гулрез” намудаам, чашм дӯхтам ва нигоҳам ба хате афтод, ки нуқтаи “А”-ро дар шакли амудӣ бо рақами 4 пайваста буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ