Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз нигоҳи ҷуғрофӣ нуқтаи “А” дар хатти экватор ҷойгир шуда буд ва афтидани сояи он дар шакли амудӣ ба қисмати ҷанубӣ дар аввал ишорае аз ҳаракати офтоб дар фасли дай ва такяи он ба ҳамин қисмати замин (харита) - ро ифода мекард.
Ҳаминаш кофӣ буд, ки банда аз нигоҳи ҷуғрофӣ афтидани сояро дар шакли амудӣ аз хатти экватор ба қисмати ҷануб ба такяи офтоб дар фасли дай арзёбӣ намуда, аз курсӣ бархоста дарро аз самти муқобил бандам, вале дар замоне ки харитаи болои миз бударо ҳанӯз “нағундошта” будам, дар қисмати рости харита сояеро чун рангинкамон дидам, ки аз самти шимолӣ дар шакли нимдоира бархоставу бо убури нуқтаи “В”, ки дар шакли уфуқӣ аз нуқтаи “А” ҷойгир буд, дар қисмати ҷанубӣ хатти экватор панаҳ бурда. Ҳарчанд аз илми ҷуғрофия чандон бохабар ҳам набудам, вале аз ривоятҳои то ба кунун дар лавҳи хотиротам сабтшуда, ки шояд асоси илмӣ ҳам надоштанд, дар ёдам монда, ки бобою бобокалонҳо чунин абётеро ба ёд меоварданд: “Рафту агар ба инсон расидан ба он мавзее, ки нӯги рангинкамон расидааст, даст диҳад ва он ҷойро ҷустуҷӯ намояд Худованд ганҷи зиёдеро чун туҳфа баҳраш арзонӣ хоҳад дошт.” Новобаста аз он ки ривоят ривоят аст ва на ҳамаи он ривоятҳо асоси илмӣ доранд, чун фарди мусалмон натавонистам ба суханони орифонаи гузаштагони хеш, ки шояд бархе аз ҳамзамононам онҳоро бесавод ё худ камсавод муаррифӣ менамоянд, шак биёрам, чунки имонам комил аст, ки онҳо бо ҳама камсаводии хеш саводомӯзи мо буданд ва бо ин амали хеш чароғи илму маърифатро то ба замони мо расонданд. Аз ҳамин лиҳоз, ҳангоми омӯзиши соя, ки дар шакли рангинкамон ба назар мерасид, болои харита чун мутахассиси соҳаи ҳуқуҳ кӯшиши пайвастани нуқтаҳои ду тарафи хатти экваторро дар ҳамбастагии ҷуғрофия бо юриспруденсия ҷӯё шудам ва ба хулосае омадам, ки маркази сояи дар шакли рангинкамон аз нуқтаи рақами 3-и қисми шимолӣ беруномада бо убури хатти экватор, ки дар харита бо ҳарфи “В” ишора шудааст, ба самти ҷануб ҳаракат намуда, болои нуқтае, ки бо рақами 6 ишора шудааст, фуруд омада...

пешина
аз 527
навбатӣ