Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун нӯги “рангинкамон” - ро болои рақами 6 дидам, ганҷи Қорунро дидагӣ барин барои ба даст овардани он талош варзидан хостам, бехабар аз он ки касе то кунун ба он ҷойи фурӯдоии рангинкамон нарасидааст ва ҳар қадар инсон дар талоши дарёфти “ганҷ” расидан он нуқтаро ҳадафи хеш қарор диҳад, ҳамон қадар нӯги рангинкамон аз ӯ дур мешавад ва кушодани ин фалсафа то кунун ба касе муяссар нашудааст...
Ҳамаи ин “гулрезиҳои рақами”- и болои харита қабули радиограммаҳои ҳарбиро, ки бо алфавити Морзе ирсол шудаву кушодани он донишу маҳорати махсуси касбиро тақозо менамуд, ба ёдам овард ва ба хулосае омадам, ки кушодани ин гурӯҳи рақамҳо акнун ба донишу маҳорати худи шифровальчикҳо48 вобастагии ногусастанӣ дорад...


  • Дар ин бевақтӣ?
    -Чӣ илоҷ, ки рӯзҳои зимистон чунин кӯтоҳанд, - гуфт муфаттиши прокуратура ва гузашта ба курсӣ нишаст.
    -Хуш омадед! Хело шодам, ки пеш аз оғози соли нав бандаро ба ёд овардед.
    -Соле, ки накуст, аз баҳораш ҳувайдост.
    -Нафаҳмидам.
    -Чияш нофаҳмост, чун дар остона соли нав истодааст ва аз рӯйи мучал вафодортарин ҷонвар рамзи он аст.
    -Ба андешаи шумо ҳамаи онҳое, ки дар соли саг ба дунё меоянд, вафодоранд?
    -Аз куҷо донам? - китф ба ҳам кашида гуфт муфаттиш.
    -Инро ба ҳамон хотир пурсидам, ки Мижгони Файзро низ мучалаш саг буд.
    -Пас агар чунин аст ва акнун, ки ӯ ба ҷойи ростон асту мо зери ин гунбади гардун бо сад бори гуноҳ, ба андешаи банда ҳолномааш бо мучалаш рост наомадааст.
    -Рафиқ муфаттиш, бе далел...

48 Ишора ба рамзкушоёни ҳарбӣ. Дар тафтишот ин самти кор ба зиммаи гурӯҳи оперативию тафтишотӣ гузошта шудааст.

пешина
аз 527
навбатӣ