Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Имрӯз банда бо нафаре суҳбат доштам ва эшон ҳамон нафареро, ки шумо, рафиқ майор, ба дифояш дасту остин барзаданиед, бовар кунонид, ки Мижгон дар марги бародараш дар шакли ростхата ҳам набошад, ба таври ғайримустақим даст дошт, вале мақомоти тафтишотӣ ба рафти ҳодиса аз паси панҷа нигариста, ҳолати корро тасодуфан арзёбӣ намудаву ҳатто парвандаи ҷиноӣ накушоданд.
-Боварам намеояд, ки бонкирзан...
-Он замон ӯ бонкир набуд ва чӣ шудаву ба андешаи ҳамсуҳбати имрӯзаи ман худ муҳаббати аввалини хешро қурбон намуда.
-Пас ӯ дар кадом маснад қарор доштаву бо ҳаракат ё беҳаракатии хеш муҳаббаташро пеши по задааст?
-То ҷое огоҳӣ ёфтам, ҳангоми донишҷӯ буданаш нафаре шефтаю шайдой вай шуда, ӯро бо худ ба клуби парашютчиёни ҷавон бурдааст ва замоне ҳарду дар рақсҳои якҷояи акробатӣ иштирок намудаанд. Дар яке аз чунин машқҳо аз панҷ нафари аз тайёра ҷаҳида як парашют кушода нашудааст...
-Ҳарчанд худам аз чунин амалҳо фарсахҳо дурам, вале борҳо натиҷаи фалокатбори чунин ҷаҳишҳоро шунидаам.
-Ни он первый, ни он последный.
-Ҳамин хел ва онҳое, ки ба чунин шуғл майл доранд, бояд дарк намоянд, ки то кадом андоза таваккал намуданашон лозим меояд.
-Вале, мусоҳиби и дараҷаи бехатарии чунин ҷаҳишҳо то ба сатҳи минималӣ расонида шудааст ва рафту агар ҳангоми ҷаҳиш парашют ба таври автоматӣ кушода нашавад, варзишгар метавонад онро бо роҳи кашидани ҳалқачаи иловагӣ кушояд.
-Аз рӯйи шунидам чунин тарзи ҷаҳиш танҳо дар ҳолатҳои омӯзишӣ истифода бурда мешавад.
-Дар дигар ҳолатҳо чӣ?
-Ҳар касб нозукиҳои хешро дорад ва гумон мекунам ҷаҳиш бо парашют ҳам аз чунин нозукиҳо орӣ нест.Чун мутахассиси соҳа нестам, наметавонам ба саволи шумо ҷавоби қаноатбахш диҳам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ