Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ман ҳамаи буду набуди тайи чанд рӯзи охир дидаву шунидаамро болои мизони вақт гузоштам, онро бо занги телефонӣ ва хоҳиши сарвари милиса нишондоди Фирӯзи Файз, Сабоҳати Комил ва Комрони Нодир омехта намуда, сипас мӯӣро аз хамир ҷудо карданӣ шудам. Чанд соате пеш дар атрофи ҳодисаи мазкур ман бо сарвари милиса сари суҳбат қарор доштам, вале то кунун талабу хоҳиши Воҳид Камол, ки кадоме аз боло аз вай хоҳиш намуда, ки ... бароям чун тарафи нонамоёни сайёраи Моҳ боқӣ монд.
Бояд гуфт, ки дирӯз ман ҷуръат намудаву номи он муштарии хайрхоҳро аз Воҳид Камол пурсон шудам.
-Ба ҷуз вазифа боз одамгарӣ ҳаст ва ҳар он ки суханеро ба шумо бовар мекунад, онро чун амонат қабул намоед ва аз ёд ҳам набароред, ки ба амонат хиёнат раво нест.
Ба ростӣ, баъди шунидани ин суханон ман каме дасту по хӯрдам, вале чун худро ба даст гирифтаву онро дар мизони ақл баркашидам, ба андешарониҳои сарвари милиса, ки каломи аз забони нафаре шунидаашро чун амонат пазируфтаву нигоҳдории онро чун амонат аз мансабаш болотар донистааст, аҳсант гуфтам.
Модоме ки ҳодиса чунин ранг гирифт, пас нафаре, ки бо чунин хоҳиш ба сарвари милиса муроҷиат намудааст, худ аз миёнраве беш нест ва ба гумон аст, ки ба саволҳо ҳам посух гуфта тавонад. Овозаҳо ҳаст, ки ӯ дар шаҳр боз ду - се хона дорад ва албатта онҳо ба номи худаш нестанд. Аз ҳама муҳимаш он ки вайро кадом як тамокуфурӯш сарпараст будааст.
-Агар мегуфтед, ки ягон вазир ӯро сарпараст буд, бовар мекардем, вале тамокуфурӯш он қадар ба ҳақиқат рост намеояд.
-Аз рӯйи овозаҳо баъзе вазирону вакилон ҳам дастнигари ҳамон тамокуфурӯшанд.
Шояд кадоме аз ҳамон вазирону вакилон дар асоси хоҳиши шиноси умумиашон ба сарвари милиса занг зада, ба хотири доғ наовардан болои симои ситораи варзиш онро чун захми таги тоқӣ пинҳон намудан хоста.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё