Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Шояд ҳамин ҳолатҳоро ба инобат гирифта, Воҳид Камол каломи эшонро нашикаста, ҳарчанд ӯ нағз медонист, ки дар чунин ҳолатҳо “сари кафидаро зери тоқӣ пинҳон намудан” ғайриимкон аст ва албатта тафтишот мӯӣро аз хамир ҷудо хоҳад кард ва дар ҳамин ҷо самти андешаронии банда аз арш боз ба фарш омад ва дигарбора ҳодисаи қариб ба зери чархи мошин мондани Фирӯзи Файз ва дар уфуқ баромадани ронандаи “ҳушёру ғамхор” чун чароғи роҳнамо дар уқёнус дар он шаби тори фасли дай сари роҳам баромад...
-Гумон доред, ки он шиносоӣ тасодуфӣ набуд, - эътироз намуд қалби дар якравӣ ном баровардаам.
-Намедонам
-Пас он ҳама донишу маҳоратат куҷо шуд?
-Шаҳри калону номи вайрон.
-Шунидани чунин калом аз забони нафаре, ки баъди чил сол нафареро барои хиёнат ба Ватан ба курсии айбдорӣ кашид, бароям дарднок аст.21
-Сухани ҳақ ҳамеша талх аст.
-Дар чунин ҳолатҳо беҳтарин васила ин нигоҳ доштани шуълаи умед аст.
-Кӯшиш мекунам.
-Ба мақсад мерасад ҷӯёи кор оҳиста - оҳиста.
-Дигар ҳеҷ?
-Рӯзгори пуршӯру шар, албатта, бе табаддулот нест ва баҳри ғолибият дар ин саҳна инқилоби бузург мебояд.
-Инқилобе чун инқилоби Октябр?
-Бале.
-Пас чӣ бояд кард?
-Кори шаб хандаи рӯз, биё беҳтараш...
Аз чир - чири парандагони ба истиқболи субҳ баромада бедор шудам. Рӯз фаро мерасид.
21 Нигар ба қиссаи Шарифбек Азизӣ “Ҷосус”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё