Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Яке аз самтҳои асоси фаъолияти тафтишотӣ ин муайян намудани ҳолатҳоест, ки сабаби рух додани ҳодиса гардидааст, вале тайи чанд рӯзе, ки мо дар атрофи ҳодисаи мазкур давр задем, мақсади асосии қотилро дар хатти ҳуҷум муайян карда натавонистем. Дар чунин ҳолатҳо ба ҷуз омӯзиши ҳаёту фаъолияти гумонбаршудагон ба таври истисно омӯзиши рӯзгори ҷабрдида низ мавриди назар карор дода мешавад. Аз ҳамин лиҳоз тайи се шабонарӯз банда ба беш аз бист нафар хешу ақрабо, ҳаққу ҳамсояҳо ва шиносҳои Мижгони Файз сари суҳбат қарор доштам ва рӯзгори бонуи бонкирро бо Фирӯзи Файз мавриди омузиш қарор додам...
Нафаре, ки марди хаёлии рӯйи роҳ баромадаро аз ҳама хавфу хатарҳо эмин дошта, ғурури хешро пеши по зада, муҳаббати ҷабрдидаро ба даст оварда, дар интиҳо бонуи хонадонаш гашт, дар қисмати шарқии доманакӯҳи зебои шаҳр чашм ба олами ҳастӣ кушода, ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна ба варзиши сабук машғул шуд ва борҳо дар мусобиқаҳои минтақавӣ иштирок намуда, сазовори мукофотҳо гашта, баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи иқтисодии яке аз донишгоҳҳои шаҳр супурд.
Соли дуюми таҳсил дар донишгоҳ бо Тоҳир ном ҷавоне аз клуби ҳавонавардон шинос шуд ва баҳри шиносоии наздиктар бо эшон ҳамроҳаш ба клуби мазкур рафта, дар сексияи парашутчиён аъзо шуд ва маҳз ҷаҳду талошҳои беандозааш дар як муддати кӯтоҳ ӯро ситораи намоёни ВАО намуд. Шояд агар бозии қисмат намебуд, ӯ ёри Тоҳир мешуд, вале сарнавишти ошиқ бо фоҷиа анҷом ёфт ва ҷавондухтар низ ҳамин ҳолатро баҳона кардаву ситора будани хешро ба гӯшаи фаромушӣ дода, бо рақсҳои ҳавоӣ падруд гуфт.
Донишгоҳро бо ихтисоси муҳосиб - иқтисодчӣ хатм намуда, ба сифати муҳосиб ва муҳосиби калон дар яке аз бонкҳои саҳомию агросаноатӣ ифои вазифа намуд ва чун бонки мазкур муфлис шудаву аз фаъолият бозмонд, муддате бозорнишин шуд. Ҳарчанд доираи фаъолияташ дар бозор чандон калон набуд, вале “рақсҳояш дар само” дар зери гунбази абрешимин ҳанӯз аз ёди тамошобинон зудуда нашуда буд ва аксари нафарони ба бозор ташрифоварда ӯро дида дафтари хотироташонро варақгардон намуда, наздаш меомаданд ва мепурсиданд, ки оё ӯ ҳамон духтараке нест, ки замоне тамоми ВАО дар борааш ҳарф мезад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё