Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Илова бар ин ӯро забони хуш ва муносибати бесобиқааш бо садҳо нафар харидорон шинос кард, ки дар байни онҳо на танҳо харидорони сарлучу пойлуч, балки вазирону вакилон ҳам буданд. Маҳз ҳамин шиносоиҳо сабаб гардидаву бо ёрию дастгирии кадоме аз курсинишинони воломақом ӯ нуқтаи дар бозор доштаашро ба иҷора дода, худ ба кори бонкӣ гузашт ва пас аз як соли фаъолият вайро дар яке аз филиалҳои бонки”Аврора” ба ҳайси мудир таъин намуданд. Албатта, ҳама мукофотро подошест ва муддати начандон тӯлоние ӯ ҳамнишину ҳамрози нафаре гашт, ки дубора вайро аз он бозори сард боз ба бонк овардаву сипас курсии яке аз филиалҳои онро барояш туҳфа намуд. Подоши он туҳфаро ҷавонзан худаш медонисту Худо ва акнун ҳама он асрорро низ бо худ ба он дунё бурд, вале дар он шаби сард ӯ савори мошине, ки ба ивази гуноҳҳои содирнамудааш “дӯсти хайрхоҳаш” чун барги сабз нисори қудумаш намуда буд, ба тамошои шаҳр баромад ва ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наоварда, ки марде сари андешаҳои бе сару нӯг дар атрофи маъшуқаи фирориаш ногаҳон рӯйи роҳи калон мебарояду сайди шикори шабонааш мегардад. Он шаб марди ҷон ба саломат бурда низ аз чунин шакл гирифтани кор хеле болидаруҳ гашт ва ин вохӯрии тасодуфиро чун қисмате аз сарнавишт пазируфта зери лаб ғунгос зад:
-Кӣ мегӯяд, ки дар олам ғам асту шодмонӣ нест ва илтиҷои он парии ҳушёру хушдорро дар назди духтурон дида, дилаш аз фараҳ лабрез шуд, ки ба рағми Саидаи фирорӣ Худованд барояш бо баҳонае чунин бонуеро ҳадя намуд, бехабар аз он ки бону низ баъди баъзе корнамоиҳо назди дигаре худро хору залил дида, аз чунин фурсати муносиб то ба андозае истифода бурд. Ҳарчанд ин вохурӣ саҳнаи тарҳрезишудае ҳам набуд, вале оғозаш чун ҳама афсонаҳои зебо буд, мисли афсонаҳои бибӣ. Мисли афсонаҳои нафаре, ки “подшоҳгардишро фоли нек арзёбӣ накард” ва бо ҳамин каломи сеҳрнокаш дар дили наберае, ки акнун мурғи дилаш парвозӣ шудаву муштоқи ишқбозӣ гашта, бо афсонаҳои зебояш, ки руҳбахшу руҳнавози набераи дар Ғарб ба дунё омадаву дар Шарқ ба камол расидааш боқӣ монд.

пешина
аз 527
навбатӣ