Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар нисбати донишҷӯдухтаре, ки муҳаббати аввалини ӯро қадр накарда, ба ғӯрраи сармозада табдил дод, мудири бонк бо ҳама мақому манзалати хеш бонуи одӣ ва хоксоре буд. Меҳрубониҳо ва рафтори хуби ҷавонзанро дида, Фирӯзи Файз баъди се моҳи шиносоӣ ба Мижгон изҳори муҳаббат намуда, ба ӯ таклифи оила бунёд намуданро кард, вале ҷавонзан ҳарчанд тайи ҳамин муддат муштоқи шунидани чунин калом буд, гуфт:
-Мо оила бунёд карда наметавонем.
-Чаро?
-Чунки ман аллакай бо никоҳи мусалмонӣ як маротиба худро пойбанди нафаре намуда будам ва аз он никоҳ ба ҷуз доғ дигар чизе дар замири банда боқӣ намонд. Сипас ӯ ҳодисаи ба сари Тоҳир омадаро барояш арзонӣ дошт.
“Зани шавҳармурдаро пуф ва зани аз шавҳар баромадаро туф карда бигир,” - мегуфт бибиаш - ҳамон фариштае, ки подшоҳгардишро фоли бад арзёбӣ намуда буд ва акнун дар рӯ ба рӯй вай ҷавонзане меистод, ки ниёз ба раҳму шафқат дошт...
-Дигар ин чӣ аҳмият дорад? - ба чашмони маҳзуни ҷавонзан нигариста гуфт ӯ.
-Нафаҳмидам.
-Ман ҳам тайи ду сол ишқи нафареро дар замирам ҷо дода, ба ҷуз ҷафо аз ӯ вафое надидам. Боварам намеояд, ки ба хотири мансабу вазифа шуда, ӯ ишқи маро пеши по зад.
-Ба ҳар ҳол, андеша намоед, шумо аз ман хубтару зеботарашро меёбед, - гуфт ҷавонзан ва хост ба суҳбат нуқта гузорад. Дар асл бошад, ӯ чун гурги борондида бо ин васила қимати хешро дар назди харидор болотар кардан хост ва харидор назди ҳама ин макру ҳиял истодагарӣ карда натавониста, муҳаббати беолоиши хешро ба ҷавонзан пешниҳод кард.

пешина
аз 527
навбатӣ