Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ҷавонзан ба хотири нигоҳ доштани мақому манзалати хеш бо пешниҳоди якчанд далелҳо таклифи вайро дубора рад намуда гуфт, ки беҳтар мешуд муносибати минбаъдаамонро дар доираи дӯстӣ нигоҳ медоштем.
-Туро чун малика дар хонаам дидан мехоҳам.
-Раву андеша намо.
-Андешаи чӣ?
-Дар чунин вазъе, ки мо қарор дорем, аз мо ҷуфти тифоқ мебаромада бошад?
Дар асл Мижгон тайи ин муддат дафтари рӯзгори нафареро, ки ба ӯ арзи дил кард, хеле варақгардон намуд ва нигоҳи ӯро дар каломи ба забон овардааш ба зиндагӣ чунин дарёфт: “Агар майл ба дуздӣ доред, бояд миллионро дуздид ва агар коми дил ситонданӣ шавед, бояд онро аз малика ситонид...”
-Малика онест, ки то никоҳ дасти баде ба вай нарасида, вале чӣ хеле гуфтам, ман аллакай як никоҳро пушти сар намудам, - оҳ кашида гуфт Мижгон баъди андешарониҳои Маҷнун.
-Муҳимаш, асп дар зери пойи худам налангад
-Аз ин тарафаш метавонӣ осуда бошӣ ва ҷавонзан гап заду гап ва Фирӯзи Файз симои ӯро чун Клеопатра22 дид, бехабар аз он ки малика дар ин пайроҳа пиёда нест ва қобилияти ташнаро ба лаби об бурдану боз ташна баргардонидан дорад, вале ӯ ҳатто каломи замоне дар бораи зан шунидааш:
Зану шайтон замоне ҳамватан буд, Ки шайтон хӯшачин дар пеши зан буд.
Кашиданд илми ҳарду дар тарозу, Ҳанӯзам илми шайтон хеле кам буд.23
-ро ба гӯшаи хотир овардан нахост ва нигоҳи саршор аз муҳаббати харидор ба сухангу имкон дод ҳар чӣ бештар қимати хешро дар чашми Маҷнун фурӯзонтар намояд.
22 Клеопатра - маликаи Миср, ки “муҳаббати озод”-ро хуш дошт.
23 Калом аз С. Шерозӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё