Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Шояд дар ҳамон лаҳзаҳо садои фаввора задани об чун садои мусиқии форам дар гӯшаш садо доду ӯ низ тарки бистар намуда, ба он ҷо рафт. Дар замоне, ки Мижгон дар зери шаршараи фаввора бо кафи дастонаш чашмонашро аз оби ба сару рӯяш рехтаистода ҳифз кардан мехост, овози кушодани дарро пайхас намуда, сарашро аз маркази резиши фаввора берун оварда:
- Вой ман мирам! Ин чӣ бешармӣ?! - гӯён ҷисми урёни хешро паси парда пинҳон кардан хост, вале шавҳар сари ин амали ҳамсар монеа эҷод кард ва нигоҳашро ба тарафи нимаи дуюмаш, ки лолу ҳайрон ба сӯяш назора дошту намедонист чӣ хел худро аз нигоҳи харидор ҳифз намояд, равона сохт. Оби аз фаввора ба ҷисми тарангу урёни ҷавонзан бархӯрда лаҳзаҳои борон ба шишаи тиреза бархӯрдаро, суръат рӯйи шиша ҷӯ кашида, ба поён мешорад, ба ёд меовард. Нигоҳи харидории мард дар замири зан шояд дубора рақсҳои сарҷамъонаи дар фазо анҷомдодаашро ба ёд овард, ки ба як талош ӯро ба зери фаввораи об кашид...
Лаҳзае пас зан худро базӯр аз байни бозувони ҳамсар раҳо намуда, сачоқро гирифта аз ҳаммом берун шуд.
Баъди рафтани ҳамсар ӯ боз муддате зери фаввора истод, вале ба ҳама он ҳаракатҳои худ ва Мижгон посухе пайдо накарда, аз ҳаммом берун шуда, ба хонаи хоб даромада, тағйири либос кард. Зан ҳамон лаҳзаҳо дар ошхона ҷунбӯҷул дошт ва омада дари ҳуҷраи хобро кушода гуфт:
-Фирӯз, субҳона тайёр.
Чун ба ошхона рафт, ҳамсараш дасти росташро болои қафаси синааш гузошта, бе каломе бо нимтаъзим ӯро хайрамақдам гуфта, курсиеро баҳри нишастанаш бо нигоҳи ҷаззобаш нишон дод. Аз радио бонуе дар зери садои мусиқии форам замзама дошт:
Масти рӯй нозӣ,
Ба дилам дорӣ бозӣ.
Ба хаёлат фақат ту,
Ошиқи Фараҳнозӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё