Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Каломи аз радио ба гӯшаш расида чун каломи Ҳофизи Шерозӣ, ки мардумон бо кушодани саҳфае аз он тақдири хешро фаҳмидан мехоҳанд, ғайриихтиёр чун путк дар гӯшаш садо доду садо...
Ба хаёлат фақат ту...
Аслан ҳамин каломи дар ин субҳи солеҳон аз радио ба гӯшаш расида, мардро ба андеша водор кард, вале дигар ҷойи андеша ҳам набуд. Мисли оне ки қатора кайҳо нигори ӯро бо худ бурда, ва дар перон баҳри тасаллои дили ёраш навиштаҷотеро гузошта: “Ба хаёлат фақат ту...” Вале ин ҳама чун мушти баъди ҷанг ба ёд омада аз андешае беш набуд ва боз ишқ, ки дар он субҳи солеҳон меҳмони хонадони онҳо гашта буд, ба иззату икроми зиёде ниёз дошт. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб гардиду дар он субҳи аввали баъди висол мард аз гуфтани андешаҳои хеш дар нисбати бонуи хонадонаш худдорӣ кард, вале зан аз қошу қавоқи гирифтаи шавҳар нохушиеро пай бурда, илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ гуфта, пурсид:
-Чӣ дар ҳаракатҳои банда дар шаби аввали висол ягон камбудиеро ёфтӣ?
-Не.
-Пас чаро қошу қавоқат овезон?
-Шояд дар назаратон намудааст?
-Шояд, вале бояд гуфт, ки мо як рӯзу ду рӯз шинос набудем ва тайи шаш моҳи охир ҳарчанд меъёрҳои ахлоқиро ҳам поймол накардем, бо ҳам ниҳоят дӯсту қарин шудем, ё гапам нодуруст?
-Дуруст.
-Пас ин ҳама изтиробро сабаб чист, ё ба зери оби фаввора кашиданатро чун нишонае аз сабукпоии ҳамсарат меҳисобӣ? Агар банда заррае аз доираи одоб баромада бошам, ин амалро дар назди марди бегона не, балки дар назди шавҳари худам анҷом додам ё чунин амалро худат гуноҳ меҳисобӣ?
-Не.
-Модоме ки чунин аст, пас манзуратон бод, ки касеро дар дунё барои ақди никоҳ бастан маҷбур намекунанд, вале ҳар касе бо ихтиёри хеш барои издивоҷ розӣ мешавад, бояд қоидаҳои никоҳ ва он чиро, ки дар боби никоҳ омадааст, риоя намояд ва акнун мо ҳар кадоме дар алоҳидагӣ барои худамон не, балки барои ҳамдигар бояд зиндагӣ кунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё