Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ҳарчанд ман аз ту ду сол хурдам, вале дасти шахшули зиндагӣ аллака маротиба аз гиребонам гирифта ва лаҳзае пеш ҳаммом дида боз даст ба гиребони орзуҳо бурдам... Гуноҳи дигаре надорам ва агар аз ман бовар дошта бошӣ, чунки бунёди оила, ин пеш аз ҳама, боварӣ ба ҳамдигар аст, туро тоҷи сарам хоҳам кард. Арӯс дар он субҳи содиқ дар сари дастурхон гап заду гап.
Ҳарчанд ӯ баъди марги падар ба тиҷорат машғул буд, вале даромадаш на дар он пояе буд, ки тамоми пасту баландиҳои рӯзгорро пӯшонида тавонад ва аз он тиҷорат, ки саро нӯг барои пешбурди зиндагӣ мерасид, бо тавсияи модараш каму беш маблағеро барои рӯзи мабодо захира намуд ва аз ҳамон маблағи хурди пасандозшуда тайи чанд сол тавонист дар як гӯшаи шаҳр ҳуҷраи якхонагӣ харидорӣ намояд. Моҳи аввали баъди хонадорӣ ӯ даромади якмоҳаи тиҷораташро ду ҳисса намуда, қисмеро ба модару апааш дод ва қисми дигарро, ки маблағи камтар аз 1000 сомонӣ буд, ба хона оварда, ба дасти Мижгон додан хост, то дар каму кости зиндагӣ сарф намояд, вале зан ҳатто ба он маблағи овардаи ҳамсар нимнигоҳе накарда, бепарвоёна гуфт, ки пулҳоро болои ҷевон гузорад. Баъдтар хароҷоти ҳамсарро дида, ба хулосае омад, ки бо он маблағи овардааш дар рӯзгор кореро ба сомон расондан ғайриимкон аст ва ҳамин андешаҳо дар замири ӯ даҳшатро зер намуд. Ӯ ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки Мижгон чунин маблағи ҳангуфтро бо кадом роҳҳо ба даст меорад. Боре нигаронии хешро дар ин бора ба гӯши нимаи дуюмаш расонд ва зан бо факту далелҳо ба вай фаҳмонда дод, ки то кунун касе аз осиёб бе гард набаромадааст ва бонк ҳам чун осиёб “гарди” хешро дорад. Дар аснои ҳамин суҳбат бонуи хона аз ҳамсараш, ки замоне аспиранти як донишгоҳи бузург буд, маънии калимаи “бонк”-ро пурсон шуд ва Фирӯзи Файз то ҳаде тавонист ба он савол посух гуфт вале ҳамаи ин бонуи хонаро қаноат карда натавонист ва худ маънии он калимаро дар чунин шакл баён кард: “Бонк–ин ҷоест, ки дар ҳавои соф ба шумо чатр медиҳад ва чун борон гирифт, талаб мекунад, ки онро баргардонед.” Аминам ки маро мефаҳмед,-гуфт зан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё