Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-То андозае, иқрор шуд мард.
-Барои он ки дар айёми борон чатрро аз шумо нагиранд, муносибат намудан лозим ё чӣ хеле дар айни вақт мӯд шудааст, дасти кормандеро, ки шуморо дастгирӣ намудааст, сафед кардан лозим. Тайи чанд сол аст, ки ҳамсари шумо низ аз чунин дастсафедкуниҳо дар канор нест, ҳамааш ҳамин боқӣ ихтиёр шуморост, сутуни хонадони ман. Метавонӣ дилатро дур набарӣ, чун ба ҷуз ин маро дигар ягон шакли даромаде нест.
Чун мард дигар каломе ба забон наовард, зан сукути шавҳарро аломати ризо пиндошта, чун пештара фаъолияташро дар зери сояи нафаре, ки ӯро аз бозор то ба он курсии “мулоим” оварда буд, давом дод ва бо кумаку дастгирии зан мард ҳам доираи фаъолияташро дар тиҷорат тағйир дода, аспиранти бостоншинос сардори корхонаи сохтмонӣ шуд, мисли оне ки гург ранги пӯсташро тағйир диҳад ҳам мизоҷаш чун ҳамешагӣ боқӣ мемонад.
Соле пас онҳо манзили зисташонро васеътар намуда, ҳуҷраи духонагӣ хариданд ва пас аз ҳашт соли оиладорӣ дар бинои навсохти кӯчаи Бухоро хонаи дигаре харида, ба манзили нав кӯч бастанд. Бо ин васила Мижгон суханони дар сари дастурхон дар он субҳи аввали баъди висол гуфтаашро рӯи саҳнаи зиндагӣ оварда, ба шавҳар собит намуд, ки Худованд барояш чӣ гуна туҳфаеро арзонӣ доштааст ва дар интиҳо он марди дар Ғарб ба дунё омада ва дар Шарқ ба камол расидаро каломе аз мақолҳои мардуми Ғарб ба ёд омад: “Плохо, когда жена умнее мужа, но ешё хуже, когда муж получаеть меньше жены,”вале ӯ дигар эътирозе пеш наовард ва аз чунин беҳаракатӣ, ҳамфикрии хешро бо бонуи хонааш пазируфт.
Мижгон ба тарзи либоспӯшии шавҳар диққати махсус медод ва рӯзе набуд, ки дар номгӯи либосҳои барои пӯшидани шавҳар тайёр намудааш ягон либос, ҷӯроб ё галстуки нав пайдо нашавад ва бо ин амал тамоми либосҳои дар ҷевон буда дар соли аввали хонадориашон ноаён иваз шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё