Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Акнун дар сартарошхона ва тарабхонаҳо ҳам ӯро чун мизоҷи доимӣ ҳамеша интизор буда, аз диданаш шод мешуданд. Дари хонаи онҳо барои меҳмонони олиқадр ҳамеша кушода буд, ҳарчанд онҳо меҳмонони доимӣ набуд қаровулро ба хотир меоварданд, ивазкунандаи онҳо дар смена бонуи хонадон буд. Аксари ташрифовардагон баъди ҳамон як ташриф роҳи хонаи онҳоро ба гӯшаи фаромушӣ медоданд. Гумон мерафт, ки ҳама аз мудири филиали бонки “Аврора” қарздоранд ва ё аз вай чизе хоҳонанд, ё тариқи ӯ бо касе шинос шудан мехоҳанд... Ҳеҷ кас ба хонаи онҳо бо дасти холӣ намеомад ва ҳамаи инро шавҳар аз мақоми манзалати ҳамсар медид ва дар симои меҳмонон нафаронеро медид, ки ба талаби “чатр” омадаанд. Мижгон туҳфаҳоро дида, худро ҳайратзада вонамуд мекард ва “беҳуда ташвиш кашидаед” мегуфт ва баъзе аз меҳмонон ҳам туҳфаи овардаи хешро (ҳарчанд он туҳфаро қимати гароне буд), ба барги сабзе ташбеҳ медоданд ва соҳибхона аз нигоҳашон дармеёфт, ки кабул накардани он боиси малоли хотири эшон гардиданаш мумкин ва туҳфаро гирифта, бори дигар арзи сипос намуда, нафари ташрифнамударо хайрамақдам мегуфт. Зиндагӣ бо чунин маҷро пеш мерафт ва шавҳар низ дар он маҷро паҳлуи маликаи хеш шино дошт.
Аз ҳамин нуқтаи назар оҳиста-оҳиста зан зимомдори оила гашт ва мард дар сояи ӯ кору фаъолияташро давом дод ва сояи хешро дар зиндагӣ гум кард. Рафту агар танӯри тобдори синаи зан аз нон холи намемонд, шояд зиндагӣ дар ин оила рангу таровати дигареро мегирифт, вале...
Баъди ташхису таҳқиқҳои зиёди тиббӣ табибон оҳиста ба гӯши мард расониданд, ки ҳамсараш дигар имкони таваллуд карданро надарад, ҳарчанд аз рӯйи қасами Гиппократ мардро ба асли воқеаҳои пешини ба сари ҳамсараш омада огоҳ накарданд, вале барои инсони аҳли фаҳм “дигар имкони таваллуд карданро надорад,” кофӣ буд фаҳмад, ки ҳамсараш аллакай як маротиба аз ин кӯча гузаштааст ва дар соли даҳуми зиндагии якҷоя шавҳар ба хотири фарзанддор шудан бо зани дигаре пинҳонӣ аз рӯйи талаботи шариати ислом ақди никоҳ баст.

пешина
аз 527
навбатӣ