Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

“Бе ҷазо мондани гунаҳкор беқонуниятиро ба бор меорад,” - гуфтани нафаре, ки милисаро дар хунукназарӣ гунаҳкор кардан хост, ин худ баҳои аслӣ аз нигоҳи халқ ба фаъолияти ҳомиёни қонун буд, мисли оне ки “дӯст гӯяд табарвор” ва ба он аз паси панҷа нигаристан маънои пушт ба тарафи хуршед гардонданро дошт. Барои муайян кардани шахсияти сухангӯй зарурияте набуд, вале каломи шунидаро мавриди таҳлилу санҷиш қарор доданамон аз манфиат холӣ набуд.
Дӯст гӯяд табарвор...


Ҳар қадар худро мазаммат накунед, ки кор бояд чунин ё чунон ранг мегирифт, вале дараҷаи касбият, ки солҳо ҳангоми кору фаъолияти оперативӣ ба ҳукми анъана даромадааст, шуморо ба пайроҳае хоҳад бурд, ки интизораш набудед.
Ҳамаи инро сабаб он аст, ки дар фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ҳар ҳодиса шакли индувидуалӣ дорад ва нигоҳ ҳам ба рафти ҳодисаҳо аз ҳамин кунҷ маншаъ мегирад.
Бо кадом як сабабе моро огоҳ намуданд, ки соати 20.00.
ба маҷлиси назди сардори милиса ҳозир шавем. Дигар чӣ ҳам мегуфтем ба ҷуз ҳамон сухани дар шоҳасари Айнӣ “Одина” омада: “Шухӣ макун ба арбоб, арбоб занад ба ҳар боб.” Ҳолати имшабаи банда низ дар ин фасли дай аз ҷиҳати руҳию равонӣ ҳолати Одина ва қарзи беохири ӯ дар назди Арбоб Камолро мемонд ва чун то оғози маҷлис боз як соат вақт буд, банда аз хомӯшии шаб истифода бурда ба таҳлилу ташхиси ҳодисаи ба сари Мижгони Файз омада пардохтам.
Таърих гувоҳ аст, ки бе ҷазо мондани гунаҳкор беқонуниятиро рӯӣи саҳнаи зиндагӣ меорад ва дар шароите, ки қонун мақоми хешро аз даст медиҳад, дар бораи рӯзгори ободу осуда сухан гуфтан аз рӯйи инсоф нест, вагарна чӣ тавр метавонист зане чун Мижгони Файз тайи даҳсолаҳо курсии “мулоиме” - ро чун моли падар ба мерос гирад ва касе пишакашро пишт нагӯяд, чунки худоношиноси дигаре, ки мақому манзалаташ аз ӯ болотар буд, тайи ин солҳо вайро пуштибонӣ кард.

пешина
аз 527
навбатӣ