Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои омӯзиш ва таҳлили ҳолномаи нафаре, ки дар таҳкурсии зиндагӣ хишти аввалро каҷ ниҳод, лозим омад баҳри ҳифзи девори каҷ заҳматҳо кашад, ҳарчанд ин танҳо андеша буд, вале ин андешаро дар ин шаби хомӯш ман на имкони тасдиқ ва на инкор доштам. Ҳарчанд шавҳар нисбат ба ҳамсари аз дорулфано ба дорулбақо реҳлат намудааш каломи бадеро ба забон наовард, вале дилам гувоҳӣ медод, ки бунёди оилае бо гузоштани хишти каҷ деворро каҷ то ба сурайё бурд ва оқибат девор афтиду “меъмор” - и асосиро пахш кард.
Корманди милиса ҳуқуқи ба эҳсосот дода шуданро надорад, вале дар зиндагӣ новобаста аз он ки меҳмонони зиёде ба манзили онҳо бо туҳфаҳои хотирмон ташриф меоварданд ва ҳамсари эшон онҳоро чун дастпӯшакҳои сафед тез - тез иваз намудаву қисмеро ҳамоно ба гӯшаи фаромӯшӣ медод, Фирӯзи Файзро чун қаҳрамони асари Даниэль Дефо дар ин саройи пуршарру шӯр мисли Робинзон Крузо дар ҷазирае танҳо дидам. Издивоҷи пинҳонии дубораи мардро сабаби асосноке ҳам буд, вале ин танҳо як тарафи кор буд.
Андешаи дар ин шаби хомӯши фасли дай ба сари банда омада ба чунин амал даст задани мард - ин ҷӯр нашудани навои зиндагӣ дар байни ду ҳамнафас ҳам шуда метавонист, мисле ки оби шӯр бо оби ширин қариб дар тамоми рафти ҷараёни хеш ба ҳам омехта намешавад ва ин амалро баҳрнаварди машҳури олам Жан Жак Ив Кусто дар зери баҳри Миёназамин мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор дода, ҳақиқати онро ба таври илмӣ собит намудааст...
Занги телефони дохилӣ мавҷи андешаҳоямро аз зери баҳри Миёназамин боло овард ва худро дар байни чор девори бетонӣ дида, гӯшакро бардоштам ва пас аз шунидани матлаби эшон ҷузвдонро гирифта аз ошёнаи дуюм ба поён фаромадам.
Посе аз шаб гузашта бошад ҳам, вале дафтари кори сарвари милисаи ноҳияи Гулистон штаби кори ҳайати фармондеҳи фронтро дар солҳои ҶБВ ба ёд меовард.

пешина
аз 527
навбатӣ