Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ба ҷуз сардори милиса прокурори ноҳия ва муфаттиши прокуратура боз чанд тан аз аъзои гурӯҳи тафтишотӣ сари кадом масъалае суҳбат доштанд. Чун нафарони ба маҷлис даъватшуда ҳама гирд омаданд, Воҳид Камол ба маҷлис ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки сабаби дар чунин бевақтӣ гирд овардани ҳайати шахсӣ на аз рӯйи ҳавою ҳавас, балки дар асоси талаби сарвари гурӯҳи тафтишотист ва ӯ суханро ба муфаттиши прокуратура дод.
-Рафиқон, чӣ хеле сарвари милиса қайд намуданд, сабаби ҳама гуна нооромиҳои мо дар ин шаби сарди фасли дай ин нигоҳи мақомотҳои болоӣ ба натиҷаи кори мо дар атрофи парвандаи ҷиноии рақами 519 мебошад. Он чӣ гуна парвандаест, гумон мекунам ба муаррифӣ ниёз надорад. Аз ҳодисаи дар кӯчаи Бухоро рухдода расо як ҳафта сипарӣ шуд, вале моро на дар самти корҳои ҷустуҷӯӣ ва на дар самти корҳои тафтишотӣ дастоварде нест, вале ин ҳанӯз нуқтаи охирин дар анҷоми амалҳои мо нест. Манзуратон бод, ки дирӯз дар асоси қарори муфаттиш санҷиши ҳуҷҷатию молиявӣ дар филиали бонки “Аврора” ба анҷом расид ва нафарони дар асоси қарори мазкур ба ин амал сафарбаршуда дар рафти санҷиши ҳуҷҷатию молиявии бонк ягон қонуншиканиеро пайдо накарданд. Маҳз ҳамин ҳолат моро водор месозад, ки самти корҳои ҷустуҷӯиро дар ин масир тағйир диҳем. Имрӯз бошад, хулосаи далелҳои шайъии ба озмоишгоҳ фиристодаамон бе натиҷа баромаданд ва охирин мо умедро дар ин самт ҳам аз даст додем. Бояд зикр намоям, ки ташхиси биологӣ дар хуни мақтул Мижгони Файз мавҷуд будани алкаголро муайян накардааст ва аз ин бадтараш он ки новобаста аз ҳама такопӯи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Ҷомии Шариф ва сарнозири минтақавӣ капитани милиса Хоҷаев шишаи аз ахлотқуттӣ бинои рақами 59/6 ёфташуда низ ба ҳодисаи мазкур ягон алоқамандие надоштааст. Боқӣ қазоват шуморост, - гӯён Фурӯғи Шариф вазифаи хешро ба анҷомрасида ҳисобида муҳри хомӯшӣ ба лаб зад.
Дигаронро намедонам, вале дар ҳамон лаҳзаҳо гумон намудам, ки касе як сатил оби хунукро ба сарам рехт. Чун касе қудрати каломе ба забон овардан надошт, ба хулосае омадам, ки аҳволи дигарон ҳам аз аҳволи ман беҳтар нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё