Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Муҳри хомӯшӣ ба лаб задан ҳалли кор нест ва биёед рафти ҳодисаро дар мизони қонун баркашем, то бубинем дар куҷо ба хато роҳ додаем, - риштаи суханро ба даст гирифта гуфт сардори милиса ва бо ин васила қариб ҳамаи аҳли нишастро аз “хоби гарон” бедор намуд. Чун ҳама гӯш ба қимор шуданд, Воҳид Камол андешаҳояшро дар атрофи ҳодисаи рухдода чунин баён кард:
-Тифл аз афтодану бархостан бузург мешавад ва ҳамаи мо дар ин ҷо нишастагон аз ҳамин мактаб гузаштаем, яъне, аз хурдӣ медонем, ки роҳи зиндагӣ тахту ҳамвор нест ва гузашта барои оянда чун пул аст. Инсонро аслан бо ақл мешиносанд ва ин калима маъноҳои гуногун дорад, вале мафҳуми умумиаш ин аз хатоҳо таҷриба андӯхтан аст.
Эҳтимол мо аз оғоз ба ҳодисаи дар кӯчаи Бухоро рухдода ба таври бояду шояд баҳо дода натавонистем, вале набояд аз ин фоҷиа созем. Мехостам аҳли нишаст андешаҳои хешро дар атрофи ҳодисаи мазкур гирд оваранд, то мо ба як хулосае биоем, - гуфт сарвари коргоҳ ва дар ин бора андешаҳои бандаро донистан хост.
-Бояд зикр намуд, ки маҳсули кори як ҳафтаинаи мо чун каломи “хат ғалат, имло ғалат, иншо ғалат” шуд, вале кӣ медонист, кор чунин ранг мегирад. Худ андеша намоед, ки дар байни хуни болои фарш шишапорае ёфт шуд ва боз он асбоби кундаланг бе паҳлуҳои тез. Рафту агар Шерлок Холмс ҳам бо протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва натиҷаи ташхисҳои аввалин шинос мешуд, бемуҳобот шишаро ба ҷойи ҳамон асбоби кундаланг чун олоти ҷиноят мепазируфт, вале ин танҳо як тарафи кор буд, ки чун тарафи нонамоёни моҳ ба омӯзиши бештаре ниёз дорад. Тарафи дигари кор, ин дар лаҳзаи аввали азназаргузарони ҷойи ҳодиса дуруст таваҷҷуҳ накардан ба шахсияти мақтул буд ва дар ин ҷода банда аз ҳама беш гунаҳкорам, чунки нисбат ба шахсияти мақтул ба таври бояду шояд баҳо дода натавонистам.
Албатта, дар давоми ҳафта мо ба бисёре аз паҳлуҳои ҳолномаи мақтул шинос шудем, вале то кунун ба ҳамаи савоҳои хеш ҷавоб нагирифтаем, ҳарчанд аз натиҷаи санҷиши ҳуҷҷатию молиявӣ дар ф “Аврора”норасоие ба қайд гирифта нашудааст ва мо имкон дорем, ки самти хатти ҳуҷумро дар масири мазкур ба куллӣ тағйир диҳем, вале...

пешина
аз 527
навбатӣ