Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Вале чӣ? - пурсид прокурори ноҳия Раҳмон Маҳмуд.
-Мехостам ба нишондоди шоҳиди асосӣ Сабоҳати Комил таваҷҷуҳ менамудед. Маҳз ҳамин шоҳид дар нишондодаш оварда, ки Мижгони Файзро кадом як тамокуфӯруше сарпараст буд ва ба андешаи ҳамин шоҳид ҳатто баъзе вакилону вазирони бевиҷдон низ дар зери навои найи ҳамин тамокуфӯруш “рақс” мекарданд. Шояд дар ин ҷо шоҳид ба хатое роҳ дода бошад, вале то тасдиқ ва ё инкор намудани мавҷудияти ин шахсияти шубҳаомез, ки ба андешаи ҳамон манбаъ бо миёнаравии мудири собиқи филиали бонки “Аврора” дар ҷо ба ҷо намудани кадрҳо ҳам даст доштааст, мо самти корҳои ҷустуҷуӣро муайян карда наметавонем.
-Оё гуфтанӣ нестед, ки Мижгони Файз пуле буд байни вакилону вазирон ва гурӯҳҳои мафиозӣ, - боз луқма партофт прокурори ноҳия.
-Инро ман не, балки шоҳид дар нишондодаш овардааст.
-Чӣ тавр вакилу вазир метавонанд ба чунин амали зишт даст зананд ва боз чӣ хеле шумо ҳозир қайд намудед, дар зери навои найи кадом як тамокуфурӯше “рақс” намоянд. Рафиқ Абдумаҷидов, оё шумо худ ба чунин шакл сурат гирифтани кор боварӣ доред?
-Барои чунин хулосабарорӣ то кунун бандаро далелҳои муътамад дар даст нест, вале то ҷое, ки пули калон дар гардиш аст, ҳама кор шуданаш мумкин.
-Яъне, ки вакилу вазир ҳам метавонанд ба чунин амалҳои зишт даст зананд.
-Албатта, аммо на ҳамаи вакилону вазиронро дар назар дорам. Чӣ хеле русҳо мегӯянд: “Не бывает семья без уродов”
-Аминам, ки ба эҳсосот дода нашудаед? пурсид сарназоратчии қонун.
-Не...

пешина
аз 527
навбатӣ