Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Пас мегуфтед, ки ӯ кадрҳои кадом соҳаи хоҷагии халқро сарпарастӣ менамудааст?
-Гумон мекунам, онҳо дар ин самт аз рӯйи мақоли “обро бину мӯза каш “ амал менамуданд.
-Яъне, чӣ хел?
-Онҳо кадрҳои пешниҳоднамудаашонро дар ҳамон идораҳое ҷо ба ҷо менамуданд, ки дар он ҷо воломақомҳои курсинишин шахсони бовариноки худашон буданд.
-Аз куҷо гириифтед, ки мудири филиали чунин як бонки бонуфузе чун “Аврора” кори аслиашро гузошта, аз пайи ҷо ба ҷо намудани кадрҳо шудааст?
-Мо нишондоди Сабоҳати Комилро тариқи суҳбатҳои оперативӣ мавриди назар қарор дода, ба чунин хулоса омадем.
-Суҳбати оперативӣ гуфта чиро дар назар доред?
-Суҳбати беогоҳӣ, бе протокол ва характери пардапӯшона доштаро.
-Чун суҳбатҳои Ҷемс Бонд?
-Кинояатонро фаҳмидам, рафиқ прокурор, вале манзуратон бод, ки қиёс намудани кори милиса бо кори ҷосус чандон мувофиқ нест.
-Суҳбати пардапӯшона ин худ шакли кори ҷосусҳост ва чаро бо нафароне, ки мавриди пурсиш қарор додед, дар доираи қонунҳои амалкунанда суҳбат накардед? Канӣ нишондоди он нафарон?
-Мақсади асосии ҳамаи суҳбатҳои характери оперативи дошта ин танҳо ба даст овардани маълумот дар атрофи нафарест, ки агар гуноҳе ҳам дошта буд, онро аллакай аз Офаридгор гирифт ва дигар ягон қонун қобилияти ба ӯ аз ин ҷазо бештаре доданро надорад. Аз ҳамин нуқтаи назар банда заруриятеро дар гирифтани чунин нишондодҳо надидам ва хулосаи ҳамаи ин суҳбтҳоро дар гузоришам ба номи сарвари милиса ирсол намудам.
-Боз чӣ?
-Ҳамагон медонед, ки маҳаки асоси ба муомилот баровардани ҳама гуна андеша (такрор мекунам, миёнаравӣ дар корҳои кадрӣ ҳам ин пул аст) ва бонк ягона муассисаест, ки бе мамониат метавонад гардиши пулро дар самтҳои муқобил ба ҳаракат дарорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё