Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Рӯшантар карда андешаҳоятонро баён намоед.
-Шояд гӯруҳҳои манфиатдоре тариқи ҳамин бонк маблағҳои ғайриқонунӣ ба дастовардаашонро ба муомилот мебароранд ва ё ҳамин гуна маблағҳои ба номашон ирсолшударо мегиранд.
-Аз хотир набароред, ки ба ҷуз санҷишҳои дохили бонкӣ, ки назорати онро Бонки миллӣ ба зимма дорад, боз мақомоти зидди фасод24 ва билохира прокуратура ҳаст.
Инчунин, худ шоҳид будед, ки муфаттиш аз натиҷаи санҷиши ҳуҷҷатию молиявӣ дар бонки мазкур чӣ гузорише дод, - бандаро ҳушдор сохт прокурор.
-Инкор намекунам.
-Пас чӣ тавр кадом як тамокуфурӯши оқипадаре тавонистааст чунин як бонуи соҳибмансабро дар корҳои зишти хеш истифода барад?
-Сагро касе маҷбурӣ ба шикор бурда наметавонад.
-Бонуро бошад, майлаш, вале дар нисбати вакилону вазирон шубҳа намудан кори хуб нест.
-Ба ҷуз Офаридгор дигар касе бегуноҳ нест. Нафс бошад метавонад, ҳар нафареро мутеъи хеш гардонад ва вакилону вазирон ҳам истисно шуда наметавонанд.
-Мо, албатта, гузориши майори милиса Абдумаҷидовро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор медиҳем ва боварӣ ҳаст, ки коркарди гузориш самти ҳаракатҳои тафтишотиро ба куллӣ тағйир дода метавонад, - гуфт Воҳид Камол ва бо ҳамин ба баҳси беохири ман ва прокурор нуқта гузошт.
Сарназоратчии қонун аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳодиса дар биное рух дода, ки бе мамониат ба он ҷо воридшавӣ ғайриимкон аст. Пас агар чунин аст, бояд андеша намуд, ки қотил ин ҳама монеаҳоро дар биное, ки ба ҷуз қулфи автоматӣ боз дар зери назорати доимии нафари дар дидбонгоҳ буда қарор дошт, чӣ тавр амалӣ намудааст?
Прокурор ба муфаттиш супориш дод, ки аз фардо субҳ дер

24 Агенти назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.

пешина
аз 527
навбатӣ