Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

намонда, Сабоҳати Комилро, ки рӯзи 8 декабр дар дидбонгоҳи бино ифои вазифа менамудааст, ба прокуратура даъват намуда, масъалаи мазкурро пайгирӣ намояд.
Аз ҳама беш шикасти амалиёт дар марҳилаи аввал ба нафароне таъсири манфӣ расонд, ки тайи ним рӯз ахлотқуттии зери биноро мавриди таваҷҷуҳи хеш қарор дода буданд ва ба баҳсу мунозираи иштирокчиёни ҳамоиши шабона нигоҳ накарда, ман боз қисме аз суҳбати хешро бо нафаре ки ба ҷойи Сабоҳати Комил рӯзи дигари баъди ҳодиса дар дидбонгоҳ менишаст, ба ёд овардам: “Эй ба ростӣ, аз дидани он манзара табъи ман ҳам хира гашт. Наход милиса шудаю барои ёфтани як шишаи бишкастае тамоми ахлотқуттиро таку рӯ намоӣ...” Ба дерии вақт нигоҳ накарда аҳли нишаст бо навбат дар атрофи ҳодисаи рухдода андешаҳои хешро баён намуданд ва аз ин гардиши девбод лейтенанти калони милиса Ҷомии Шариф ҳам дур намонд. Гарчанде ӯ дар нисбати дигар иштирокчиёни ҳамоиши шабона ниҳоят ҷавон буд, вале таҳлилу пешниҳодҳояш ниҳоят пухтаву назаррас буданд.
Ҳарчанд прокурор дар муҳокимарониҳои шаби аввали баъди рух додани ҳодиса дар маҷлиси ҳайати гурӯҳи тафтишотӣ иштирок надошт, вале ӯ аз рафти ҳодисаҳо ба хубӣ огоҳ буд ва лейтенанти калонро ҳамчун эҷодкоре дар атрофи қубури ахлотпарто ҳисобида, барои ҳайати гурӯҳро ба иштибоҳ андохтанаш мавриди сарзаниш қарор дод ва бо ин васила бори дигар мақоли халқӣ “Калтакро кӣ хӯрад, ятим” - ро ба ёди ҳамагон овард...
Сари субҳ сари роҳи калон баромада, ба тарафи истгоҳ қадам мезадам, ки мошине аз паҳлуям гузашта истод. Дар ҳамин асно “рафиқ сардор, рафиқ сардор!” - гуфтани касе ба гӯшам расид. Ҳарчанд ба гирду атроф нигаристам, шиносеро надидам ва хостам роҳамро давом диҳам, ки боз ҳамон садо баланд шуд. Чун дурусттар зеҳн мондам, нафаре паҳлуи ҳамон мошини истнамуда дасташро алвонҷ дода истодааст ва чун нигоҳи банда бо нигоҳаш бархӯрд, ӯ ному насабамро ба забон гирифт ва боз бо ишораи даст бандаро ба тарафи хеш ово намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё