Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар лаҳзаи аввал ман ӯро нашинохтам, вале чун ӯ ному насабамро ба забон гирифта буд, дигар ҷойи андеша ҳам набуд, ки мо шиноси деринаем...
-Рафиқ сардор, аз дидоратон хеле шодам ва ин субҳ ба ҳамон самте равон ҳастам, ки шумо низ нияти ба кор рафтан доред, агар бемалол мебудед, - гуфт ронанда бо ишораи даст бандаро ба нишастан ҳидоят намуда.
Дилу бедилон ба мошин нишастам ва чун ронанда фаҳмид, ки ҳанӯз ӯро нашинохтаам, худро муаррифӣ намуд:
-Ман Файзулло, Файзуллои Ҳабиб, - интизори ҷавоби ман нашуда, муҳаррикро ба кор дароварда, мошинро ба маҷрои нақлиёти шаҳрӣ рост кард. Тайи ин муддат ман тавонистам шахсияти ронандаро, ки дар ҳамин субҳи солеҳон аллакай маст буд, ба ёд биёрам. Рост гуфтаанд, ки кӯзапуштро танҳо хоки гӯр рост мекунад, вагарна чӣ тавр метавонист Файзуллои Ҳабиб баъди он ҳама ҳодисаҳое, ки май ба сараш овард, дигарбора ёди шароб намояд ва боз дар ин субҳи солеҳон. Инаш ҳам дарди ба хайр мебуд, агар вай дар сари чанбарак намешуд. Хостам мошинро манъ намуда фароям, вале бо ин амали банда магар Файзулло аз ҳулқи бадаш мегашт? Ба гумон. Дар ҳамин лаҳза мавҷи андешаҳои банда каме лаппиш хӯрд ва симои нафари дар сари чанбараки мошин буда чун лентаи кино аз пеши назарам гузашт:
-Ду сол пеш дар як бегоҳии моҳи апрел мо чанд нафар аз ҳамкорон бо даъвати директори автобазаи рақами 3 Абдуҷаббор Додов ба тӯйи писараш Тоҷиддин рафтем. Дар айни хурӯши тӯй, вақте ки рақсу суруд танинандоз шуда буд, дар масофаи дусад - сесад метр дуртар аз тӯйхона садои доду вой ва алангаи оташ баланд шуд. Қисме аз мардуми маҳалла, ки шояд дар ҳамон самт хона доштанд, тӯйхонаро тарк намуда, ба тарафи сӯхтор шитофтанд ва мо низ ҳамроҳи соҳибхона Абдуҷаббор Исломович тӯйро монда, ба сӯхторхомушкунӣ рафтем. Чун сӯхторро хомӯш намуда, сабабҳои сар задани онро пурсуҷӯ намуданд, маълум шуд, ки соҳибхона дар ҳолати мастӣ бо ҳамсараш муноқиша намуда, худаш хонаро оташ задааст. Маҳз дар ҳамон ҷо Абдуҷаббор Исломович кафил шуда, ҳамсари ба хашм омадаи Файзулло Ҳабибро ором намуда гуфт, ки болои сӯхта намакоб напошад ва зан ҳам эҳтимол суханони акои Абдуҷабборро дар мизони ақл гузошта, аз рӯӣ мақоли “сари кафида - зери тоқӣ” амал намуда, ҳодисаро тасодуфӣ арзёбӣ намуд.

пешина
аз 527
навбатӣ