Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Додов инсони нек буд ва ҳамон шаб ӯ натанҳо ҳамсаратро, балки кормандони бахши сӯхторхомушкуниро низ бовар кунонида тавонист, ки аз амалҳои нолоиқи худат чашм пӯшанд. Мефаҳмӣ?
-Албатта.
-Агар фаҳмида бошӣ, аз хотир набарор, ки бо нӯшидан мушкилоти зиндагиро бартараф карда намешавад ва бо чунин аҳвол ба суд рафтан баробари ба пойи худат теша задан аст...
Мошин дар рӯ ба рӯй бинои милиса истод ва мо худоҳофизӣ намудем. Ҳарчанд бинои суд дар самти хатти рости ҳаракат буд, вале ронанда самти ҳаракаташро тағйир дода, ба қафо баргашт ва дар маҷрои умумии нақлиёт ҳамроҳ шуда ба ҳамон тарафе рафт, ки мо аз он ҷо омада будем...
Вориди дафтари корӣ шуда, ҷисми хешро ба курсии мулоим гирифта, лаҳзае чашмонамро пӯшидам то аз шӯру шарри зиндагӣ эмин бошам, вале ҳамааш аз бад бадтар шуд, мисли оне ки тир дар майдони набард аз ҳама пеш ба сарбози тарсу мерасад, туғёни андешаҳои мухталиф бандаро дар муҳосира гирифтанд. Бисёр кӯшидам, ки аз ин туғёни нобаҳангом беосеб бароям, вале нашуд, ки нашуд, чунки саҳнаи хотиротам пойгоҳи ду оилае дар майдони набард гардида буд, ки дар як тараф Фирӯзи Файз ва Файзуло Ҳабиб ва дар сангари муқобил ҳамсарони онҳо меистоданд ва маҳз ҳамин ду хонум даъво доштанд, ки: “Мардро мард мекардагӣ зан аст ва номард мекардагӣ низ зан” ва ҳарду хонум талаб доштанд, ки нафарони дар сангари муқобил нишаста, дар зери ҳамин санади таслимшавии бечунучаро имзо гузоранд, вале нафарони дар сангари муқобил нишаста чунин амалро ба шаъни хеш таҳқир шумурда ошӯб бардоштанд. Таърих кам ошӯбҳоеро ёд дорад, ки тариқи гуфтушунидҳои дипломатӣ ҳаллу фасл шуда бошанд ва дар аксари мавридҳо чунин ошӯбҳо бо қурбонӣ анҷом ёфтанд. Чархи каҷрафторро бубин, ки нафари ба зери чархи мошин афтодаро бо ёрии ронандаи “ҳушёру ҳушдор” аз ҳама офату балоҳо эмин дошт, вале худи ронанда бо кадом як сабабҳои номаълум дар рӯзи рӯшан дар ошёнаи ҳафтуми бинои дар зери назорати шабонарӯзӣ буда бо аломатҳои марги маҷбурӣ бо олами ҳастӣ падруд гуфт ва боз...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё