Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нафаре, ки дар ҳолати мастӣ дидаю дониста ҳавлии хешро оташ зад, дубора дар ин субҳи солеҳон нӯшида сари чанбараки мошин нишаст. Ба чунин ҳолат расидани мардро ҳам шояд сабабе буд, вале онро мо ҳам намедонистем, чунки асрори оила чун асрори азал ҳамеша зери ҳафт муҳру ҳафт калиду ҳафт қулф аст...
Асрори азалро на ту донию на ман...
Ба дар касе ангушт зад ва мавҷи андешаҳои бандаро ба боди фано бурд ва он бод мисли бодҳои биёбони Саҳара25 ҳама изҳои дар рӯй рег мондаро пӯшонид ва ман чашмонамро кушода, гулӯ рушан кардам:
-Марҳамат, дар кушода.
Дарро кушода Ҷомии Шариф по ба остона гузошт ва чун хонандаи мактабӣ, ки пеши тахтаи синф мунтазири амри муаллим мешавад, таваққуф намуда, қоматашро рост кард.
-Гузашта шин.
-Ин ғайриимкон аст.
-Чаро?
-Чунки ба ҷойи ҳодиса рафтанамон лозим.
-Боз чӣ хел ҳодиса?
-Куштор.
-Чӣ?
-Он чӣ шунидед.
-Ҳодиса дар куҷо рух додааст?
-Дар паҳлуи кӯли “Ҷавонон”.
-О кӯли “Ҷавонон” минтақаи хизматии мо набошад, пас моро бо он куштор чӣ корест?
-Чунки нафари ҷон ба Офаридгор таслим намуда сокини биноест, ки тайи қариб даҳ шабонарӯзи охир мавриди таваҷҷуҳи мо қарор гирифтааст.

25 Саҳара – яке аз биёбонҳои калонтарини дунё бо масоҳати беш аз 9 миллион километри мураббаъ, ки дар қисмати шимолии қитъаи Африқо ҷойгир аст. Масоҳати умумии биёбон аз се як ҳиссаи қитъаи Африқоро дар бар гирифтааст.

пешина
аз 527
навбатӣ