Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Сокини кӯчаи Бухоро?
-Сокини кӯчаи Бухоро-59/6, ҳуҷраи 88.
-Аз куҷо гирифтед, ки ҳодисаи мазкур ба ҳодисае, ки моро беш аз як ҳафта мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст, алоқаманд аст.
-Ин таърихи ниҳоят дароз аст ва мебинам, ки бандаро аз баёни он, ҳарчанд дар ин бора ман далели муътамаде ҳам надорам, роҳи гурез нест ва агар рухсат диҳед.
-Марҳамат, гузашта шинед ва бигӯед, ки чӣ тавр ба ҳодисае, ки дар дигар минтақа рух додааст таваҷҷуҳ зоҳир намудед?
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ боз ду - се қадам гузошта, ба курсие нишаста, гуфт:
-Сари субҳ, вақте ки ҳанӯз аз хона набаромада будам, аз милисаи ноҳияи Сарчашма ҳамсабақам Шодибеки Олимбек занг зада хабар дод, ки шаби гузашта дар наздикии кӯли “Ҷавонон,” дар сари чанбараки мошини ВАЗ-2107 ҷасади марди 33-35-солаеро бо аломатҳои марги маҷбурӣ (бо роҳи буғӣ намудан) пайдо намуданд ва аз рӯйи ҳуҷҷати ронандагиаш шахсияташро низ муайян намуданд. Ӯ Ашӯр Ғулом - сокини суроғаест, ки зикрашро намудем.
-Гуфтед, ки вайро сари чанбараки мошин бо аломатҳои марги маҷбурӣ ёфтанд?
-Бале.
-Ҳолатҳои буғӣ намудани ронандагони таксӣ ангуштшумор нестанд ва аз куҷо гирифтед, ки ҳодисаи мазкур бо ҳодисае, ки дишаб мо мавриди назарамон қарор додем, алоқаманд аст.
-Ҳарчанд барои пайваст намудани ин ду ҳодиса бандаро далеле дар даст нест ва новобаста аз он ки дишаб прокурор бандаро чун“эҷодкор” муаррифӣ намудаву дар ба иштибоҳ андохтани гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ дар атрофи қубури ахлотпарто гунаҳкор кард, вале мо наметавонем, дурусттараш мо ҳуқуқ надорем пайвастагиеро дар ин ду ҷиноят ҷустуҷӯ накунем. Барои ҳамин то кунун дар ин бора касе хабар надорад ва ман ба назди шумо, рафиқ майор, омадам то ҳамчун пири кор ба ман маслиҳат диҳед, ки чӣ бояд кард?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё