Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Албатта, офтобро бо домон пӯшонидан ғайриимкон аст ва хоҳу нохоҳ прокуратураи ноҳияи Сарчашма низ аз самти муқобил ба ҳодисаи даҳ рӯз пеш дар бинои рақами 59/6-и кӯчаи Бухоро рухдода таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд кард ва натанҳо прокуратураи ноҳияи Сарчашма, балки ин ҳодиса аз мадди назари прокурори шаҳр низ дур нахоҳад монд.
-Гуфтаниед, ки аз ҳодисаи дуюм чашм пӯшем?
-Магар ман чунин гуфтам?
-Ба ҳар ҳол нигоҳи шуморо дар атрофи ҳодисаи дуюм чунин дарёфтам.
-Дарё самти маҷрояшро худаш муайян мекунад ва ҳама гуна талош дар сами дигар намудани он мушкилоти иловагиро ба бор меорад.
-Фаҳмидам.
-Пас аз рӯйи нақшаю чорабиниҳои тасдиқнамуда дар атрофи ҳодисаи аввала коратонро давом диҳед ва бо роҳҳои оперативӣ алоқаманди онро бо ҳодисаи дуюм ҷӯё шавед.
-Итоат!
Баъди рафтани лейтенанти калони милиса Ҷомии Шариф ман боз соате нишаста, парвандаҳои кофтуковӣ оперативии дар истеҳсолот доштаамро варақ зада, дар асоси талаботи мавҷуда рафти минбаъдаи ҳаракати онҳоро ба нақша гирифта, сипас аз пайи корҳои рӯзмарра рафтам...
Рӯзҳои моҳи аввали фасли дай ниҳоят кӯтоҳанд ва дар он шабу рӯз ин фосила қариб ба дараҷаи кулминатсиониаш наздик мешуд. Баробари фарорасии шом, ки ба соати 17 рост меомад, яку якбора чароғҳо хомӯш шуданд ва дафтари корӣ дар оғӯши зулмот монд. Муддати даҳ-понздаҳ дақиқа интизор шудам, вале чароғ фурӯзон нашуд. Интизор шудан дигар маъние надошт ва аз курсӣ бархеста, ба сӯйи дар ҳаракат намуда будам, ки садои занги телефон баланд шуд.
Рафту агар бо коре ҳам занг зананду дар чунин лаҳзаҳо гӯшакро набардорӣ, касе туро мазаммат нахоҳад кард, чунки набудани барқ дар дафтари корӣ худ муаррифгари ҳолати корист, вале баъзан мо худ ҳамин ҳолатҳоро сарфи назар намуда худро ба гирдоби “бало” мепартоем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё