Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Чӣ хеле гуфтам, телефон занг заду банда аз пушти дар баргашта, дар оғӯши торикӣ ҳам бошад, рафта гӯшакро бардошта рӯшан намудам.
-Акбар Ҳакимович?
-Бале.
-Ман Фурӯғи Шариф. Гумон накунед, ки дар ҳамин сардии шабонаи фасли дай банда аз бекорӣ кадукорӣ гуфта шуморо ташвиш дода истодаам. Лаҳзае пеш Раҳмон Маҳмуд занг зада ҳозиршавии мо ду нафарро ба наздаш талаб намуд.
-Ин вохӯрии бевақтиро сабаб чист?
-Инашро ман намедонам, чунки дар нимаи дуюми рӯз ӯро ба прокуратураи шаҳри даъват намуда буданд ва чанд дақиқа пеш маро, ки нияти ба хона рафтан доштам, дар пеши бино дида, матлабашро дар ҳамон шакле, ки бароятон арзонӣ доштам, баён намуда, худаш ба дафтари кориаш рафт. Боқӣ ихтиёр шуморост ва агар имконияти омадан надошта бошед...
-Интизор шавед, - гуён ман гӯшакро ба ҷояш гузошта аз бинои милиса баромадам.
Баъди даҳ - понздаҳ дақиқа ман аз маҳалаи торику хомӯш ба минтақае расидам, ки кӯча ва биноҳо дар пероҳани афсона бо як шукӯҳу шаҳомати зебо ба назар мерасид ва бори дигар ривоятҳои қадимаро дар атрофи шаҳрҳои калон, ки мегуфтанд дар як тарафи шаҳр навҳаю нола ва дар дигараш тӯю сур мегузашт, ба ёд оварда, вориди бинои прокуратура шудам.
-Марҳамат гузаред, - гуён прокурор бо ишораи даст моро ба нишастан ҳидоят намуда худ боз ба қироати коғазҳои дар пешаш буда пардохта, баъди ду - се дақиқа айнакашро аз чашмонаш гирифта, пурсид:
-Албатта, сабаби ин даъвати нобаҳангомро медонед?
Мо ҷавоби инкор додем.
-Ба фикрам, ях шикаст, - гуфт сарназоратчии қонун ва боз хомӯш шуд. Эҳтимол ӯ донистан мехост, ки баъди ин каломи ба забон овардааш моро чӣ андешаҳое ба сар хоҳад омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё