Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд ман суҳбати субҳгоҳи хешро бо Ҷомии Шариф ба ёд овардам ва ҳодисаи даъвати нобаҳангоми прокурорро ба он дар алоқамандӣ дидам, вале суханони дишабаи эшонро дар атрофи қубури ахлотпарто ва гунаҳкор намудани шогирдам ба ёд оварда, сабуриро пеша кардам, то ҷанобашон худ сари мақсад биёяд.
-Ҳамагӣ соате пештар шеф бандаро ба ҳузурашон пазируфт ва айнан бо чунин савол ба ман муроҷиат намуд. Ба саволи эшон чӣ ҳам мегуфтам, модоме зердастонам аз таҳлили ҳодисаҳо дур монданд. Замоне ки банда ба ҳайси муфаттиш кор мекардам, омӯзиш ва таҳлили парвандаҳои дар истеҳсолот буда ба як амали муқаррарӣ табдил ёфта буд ва мо мекӯшидем аз ҳамин нуқтаи назар нақшаю чорабиниҳои минбаъдаро ба тавсиб расонем, вале чунин амалҳоро дар фаъолияти зердастони хеш надида истодаам, ки ин боиси нигаронист. Охир дишаб қариб то оғози рӯзи нав мо дар дафтари кории сардори милиса сари ҳамин камбудиҳо сухан гуфтем, вале ҳамааш чун бод аз як гӯшатон даромада, аз дигараш баромада рафт. Ҳа, дарвоқеъ чӣ хеле гуфтам, шеф бандаро ба ҳузураш пазируфта гуфт, ки шаби гузашта дар дохили мошини ВАЗ - 2107 ҷасади Ашӯр Ғулом ном шахсро, ки тариқи буғӣ кардан ба ҳалокат расонида шудааст, пайдо намуданд ва прокурори шаҳр ба он назар аст, ки шояд ҳодисаи мазкур бо ҳодисаи дар кӯчаи Бухоро рухдода дар алоқамандӣ қарор дошта бошад.
-Сабаби чунин таваҷҷуҳро ҳам, албатта, шеф гуфтагист,-луқма партофт муфаттиш.
-Албатта, шеф бандаро ҳушдор сохт, то ҳолномаи Ашӯр Ғуломро, ки дар кӯчаи Бухоро-59/6, хонаи 88 зиндагӣ мекард, мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳем.
-Яъне, онҳо ҳамсоя буданд? - пурсид муфаттиш.
-Бале, ҳамсоя ва маҳз ҳамин ҳолат прокурори шаҳрро ором нагузошта истодааст. Мегӯянд, ки ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд ва аз назди шеф баргашта, хостам сари қадам ба милиса даромада, бо мӯйсафед (Воҳид Камол) сари ин масъала суҳбат намоям, вале дар он минтақа чароғҳоро хомӯшшуда дарёфта, ба идора омадам.

пешина
аз 527
навбатӣ