Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хайрият, дар ин маҳалла чароғҳо хомӯш нашуда ва банда мақоли халқӣ “ба ҷой пир - асои пир”-ро ба ёд оварда ба ҷойи муйсафед бо даъвати хеш Акбар Ҳакимовичро аз он зулмот берун овардам.
Албатта, қарз бо баргардониданаш зебост ва ба ивази ҳама ин некиҳо банда андешаҳои Акбар Ҳакимовичро дар атрофи ҳодисаҳои тайи даҳ шабонарӯзи охир рухдода донистан мехостам.
-Ҳодисаи дуюм худ муаррифгари он аст, ки Ашӯр Ғулом дар марги Мижгони Файз то андозае шарик аст.
-Гуфтан мехоҳед,ки ӯ қасд
-Чунин ҳолатро ҳам инкор ва агар чунин аст, нафаре, ки марги Мижгони Файзро ба нақша гирифта будааст, бо қотил агар Ғулом бошад ҳисоби кардан нахоста бо ҳилла ӯро ба дом кашида ба қатл расонидааст. Дуюм рафту агар Ашур Ғулом дар марги ҳамсояаш д Мижгони Файз омада огоҳ шуда қот таъқиб қарор дода ба шантаж даст задааст.
-Гуфтан мехоҳед, ки ӯ аз марги ҳамсоя хабардор будааст ва аз он манфиат ба даст овардани шуда қотилро барои супоридани маблағи муайяне маҷбур намудааст, бехабар аз он ки чунин амал баробари бозӣ кардан бо думи шер аст, - пурсид Раҳмон Маҳмуд.
-Бале ва қотили асосӣ баъди анҷоми амалёти хеш бо пайдошавии шоҳид чун ша наметавонад, барои аз варта баромадан хеле дастак задааст.
Барои шахси ғарқшудаистода, ки оббозиро наметавонад, баландии об фарқе надорад, хоҳ он аз сари нафари ғарқшудаистода як ваҷаб болост ва ё як метр ва қотили Мижгони Файз низ дар чунин сатҳ қарор дошта, агар дар ҳақиқат ӯ мавриди таъқиби шантажист қарор гирифта бошад, шантажист ба ҷуз Ашӯр Ғулом дигар касе нест.
-Барои чунин амалҳо ҳамеша далели шайъӣ лозим. Чун ҳодисаи ба сари Мижгони Аваз омада дар манзили истиқоматӣ паси дарҳои баста рух додааст ва хизматгордухтар бо калид дарро кушодааст, чӣ тавр метавон аз шантаж сухан гуфт?

пешина
аз 527
навбатӣ