Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Хизматгордухтар дарро барои он бо калид кушодааст, ки он бо қулфи англисӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда ва баробари пӯшиданаш ба таври автоматӣ маҳкам мешавад. Аз ин бармеояд, ки қотил худаш калид доштаву вориди хона шудааст ва ё соҳибхона худаш дарро кушода, ӯро ба хона таклиф намудааст. Чун ҳангоми азназаргузаронии ҷой ҳодиса аз дар ягон изи дастони бегонаро пайдо накардем, метавон гуфт, ки қотил бе дастпӯшак набудааст ва шояд ҳангоми аз манзили Мижгони Файз баромадан тасодуфан бо Ашӯр Ғулом рӯ ба рӯ омадааст. Дар асл чашм дарёст ва кам нестанд ҳолатҳое ки шахс ғайриихтиёр шоҳиди амале мегардад, ки чунин рух доданашро намехост. Дар чунин ҳолатҳо шарт нест ба шантаж ҳам даст задан ва қотил метавонад ба хотири осудагии минбаъдаи хеш шоҳиди нобаҳангомро аз байн бардорад, санҷиши чунин як парвандаро бону Фурӯғи Шариф дар замони сарварии ин идораро ба душ доштани Ҳошим Бобохон низ дида баромада буд.26
-Боз чӣ?
-Рафту агар ҳодисаи дуюм дар чунин шакл сурат гирифта бошад, Ашӯр Ғулом замони дар зинаҳо ҳаракат намудан, баромадани қотилро аз хонаи Фирӯзи Файз дидааст. Дар чунин ҳолат якчанд андешае дар атрофи он вохӯрии ғайричашмдошт рӯӣи саҳна меояд. Шояд дар лаҳзаи аввали вохӯрӣ бо нафари аз манзили Мижгони Файз баромадани нафаре дар зинаҳои ошёнаи ҳафтум дар замири сокини ошёнаи ҳаштум ягон гумони баде пайдо шуда бошад. Бояд иқрор шуд, ки дузду ғар ҳама номарданд ва аз ин вохӯрии ногаҳонӣ нафари аз манзили Мижгони Файз беруномада мурданӣ тарсидааст ва тайи чанд рӯз ӯ худро дар гирдоби бало дида, ба хотири аз ҳамин гирдоб баромадан дуюмбора ба чунин амал даст задааст.
26 Нигар ба романи Шарифбек Азизӣ “Нигоҳе бо баҳои ҷон.” -Дуюм, аз эҳтимол дур нест, ки баъди паҳн шудани овозаҳо дар атрофи марги Мижгони Файз нафари дар ошёнаи ҳаштум истиқоматкунанда вохӯрии тасодуфиашро дар ошёнаи ҳафтум пеши назар оварда, чун детективҳои мамолики Ғарб аз пай ошкор кардани он шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё