Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агар дар чунин шакл ӯ ҳаракатҳои ҷосусонаи хешро амалӣ карда бошад, пас ӯро детективи хуб номидан ғайриимкон аст ва маҳз ҳамин ҳолат мавқеи ӯро аз сайёд ба сайд табдил додааст.
-Сеюм, омӯзишу таҳлили вохӯрии тасодуфӣ ва ёфтани олоти ҷиноят, ки, мутаассифона, мо онро то кунун пайдо накардаем, Ашӯри Ғуломро метавонист ба шантаж даст задан водор намояд..
-Чорум, ҳодисаи дуюм метавонад ба ҳодисаи аввала ягон найвастагие ҳам надошта бошад. Аммо чун моро дар корҳои ҷустуҷӯии ҳодисаи пешин ягон дастоварде нест, чун давои дили бемор ба кори ҳампешагони хеш аз ноҳияи ҳамсоя таваҷҷуҳ зоҳир намудем...
-Ҳамаи ин баробари он аст, ки сайди ҳанӯз дар кӯҳ бударо мо пӯст кандем, вале худи назария ҳаминро талаб мекунад. Мо ба таври назарияви алоқамандии ҳарду ҷиноятро то ба андозае наздик овардем ва дар амал татбиқ намудани он ба донишу маҳорати худи мо вобаста аст. Аз ҳамин лиҳоз, аз фардо дер намонда ба прокуратураи ноҳияи Сарчашма рафтанатон лозим мешавад, то бубинед ҳампешагони моро дар ин самт чӣ дастоварде насиб гаштааст. Дар ин ҷода шумо, рафиқ майор, метавонед бо муфаттиш суҳбат карда, сари як қарор биёед.
-Итоат.
-Акнун аз пай кор шавед!
Чун аз бинои прокуратура берун шудем, шаб бо тамоми ҳастияш ҳукумфармоӣ дошт. Ситораҳо дар фазои бекарона чашмак мезаданд ва рафту агар сардии фасли зимистон намешуд, ман ҳамроҳи Фурӯғи Шариф шояд боз муддате дар кӯча қадам мезадам. Баробари аз бино баромадан сардии ҳаворо, ки то ба мағзу устухон кора мекард, ҳис намуда таксиеро боздоштем...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё