Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Дар роҳ ҳам бошад мо дар атрофи пешниҳоди Раҳмон Маҳмуд ибрози назар намудем ва ба муфаттиш муяссар шуд, ки иҷроиши пешниҳоди прокурорро ба зиммаи банда вогузорад.
Мисли оне ки дар дунё инсони неки мутлақ ё бади мутлақ вуҷуд надорад ва, албатта, ҳар инсонеро ба ҷуз хислатҳои неку орифона боз камбудие низ аз Офаридгор ба мерос монда, то мабодо чун Фиръавн даъвоҳои дигареро низ пеш наорад. Умуман, коинот низ ба тамом дар ҳамин шакл арзи вуҷуд дорад. Фаслҳои сол ҳам бо ҳолатҳои мусбӣ ва манфии хеш зиндагии моро шукӯҳу шаҳомат мебахшанд. Чун ман сари роҳи калон бо муфаттиш худоҳофизӣ намудаву ба хона расидам, ақрабаки соат нав ба 19 наздик мешуд. Ин дар ҳоле буд, ки шаб бо тамоми ҳастияш ҳукумфармоӣ дошт, вале дар фасли тобистон ман кам рӯзҳоеро дар ёд доштам, ки дар чунин вақт ба хона омада бошам. Ҳамин ҳолатҳо имкон медод, ки каме ҳам бошад, ман ҳамроҳи аҳли оила суҳбат намоям ва назорат кунам, ки чӣ тавр фарзандонам ба дарсҳо омодагӣ мебинанд. Бо ҳама сардиҳояш фасли зимистон ба ман писанд аст, чунки дар замони мактабхониам дар он деҳи пурбарфи зери ағбаи Хобу - Рубот мо ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, бегоҳиҳо баъди аз мактаб омадан ба лижатозӣ машғул мешудем. Баъзан он рӯзҳои рафтаро ба ёд оварда, дилам гум мезанад. Ҳастанд нафароне, ки бо сабабҳои объективӣ чун устод Асрорӣ фасли зимистонро хуш надоранд. Дар солҳои донишҷӯй ҳуқуқшиносҳо ва филологҳои оянда дар ду бинои сеошёнаи ду самти кӯчаи Айнӣ машғули донишомӯзӣ буданд. Қариб 60 фоизи донишҷӯён дар як ошхона наҳорӣ мекарданд ва маҳз ҳамин ҳолат ба шиносоии донишҷӯён асос гузошта буд. Он солҳо факултаи филология барои ВАО низ кадрҳо тайёр мекард ва донишҷӯёни ба бахши журналистика таваҷҷуҳ дошта бояд аз имтиҳони пири ҳамаи журналистони давр професор Воҳид Асрорӣ мегузаштанд. Дар яке аз чунин нишастҳо донишҷӯе чунин нақл кард:
-Моҳе пеш бо супориши устод Асрорӣ мо даъвогарон ба касби журналистӣ дар мавзуи “Кадом фасли сол ба шумо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё