Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

писанд аст ва сабаби инро шумо дар чӣ мебинед “ иншои озод навиштем ва чун рӯзи дигар ба дарс омадем, устод баъди оғози дарс пурсид:
-Дар бораи фасли зимистон кадоме аз Шумо иншо навишта буд? - банда аз ҷоям бархестам.
-Иншоят ҳам мисли афту андомат хунук, - гуфт устод ва дафтарро ба ман дод. Гумон кардам ки баҳои манфӣ гирифтам, вале чунин набудааст. Ҳарчанд банда бо навиштаҳои хеш дар бораи фасли дай қалби устодро шикофта будам, эшон ба навиштаҳоям баҳои мусбӣ гузошта буд.
Баъдтар фаҳмидам, ки устод дар солҳои ҶБВ дар сардиҳои зимистони Русия хеле азоб кашида будааст ва умуман фасли зимистонро дӯст намедоштааст. Вале дар назар ба пири ҳамаи рӯзноманигорони ҷумҳурӣ банда зимистонро дӯст медоштам ва ба ҷуз номгӯйи сабабҳое, ки аллакай мавриди андешарониҳоям қарор гирифта буд, боз сабаби дигаре низ буд, ки бонуи хона бандаро ба модараш Мария Даниловна чун “гург” муаррифӣ намуда буд ва боз...
Ман ҳамеша симои бонуи хонаамро ҳангоми ба вохурӣ омаданаш дар истгоҳи назди Унвермаги марказӣ, дар он рӯзи сарди зимистон, дар рӯзе, ки соҳиби хуб ҳатто сагашро аз дарвоза берун намекунад, ба ёд меорам ва ҳарчанд акнун дар торҳои мӯйи Наталя Василевна аҳён - аҳён сафедӣ дида мешавад, ӯро ҳамон тавре мебинам, ки бандаро ба вохӯрии таъҷилӣ даъват намуда буд. Ман бештар ҳамон лаҳзаеро ба ёд меорам, ки маҳбубаам чӣ тавр соқҳои мӯзаашро ба ҳам зада, ба таври низомӣ салом дод27...
Чун мавҷи андешаҳоям дар фазои коинот бо фаслҳои солу халқиятҳои дар сайёраи замин умр ба сар бурда ҳанӯз дар гардиш буд, илтифот ва меҳрубониҳои прокурорро дида, ҳатто бовар накардам, ки ин ҳамон мардест, ки соле пештар ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Шукрихудои Шарифро пушти дар монда, бо нафари ба прокуратура дастраснамудаи вай дар танҳоӣ суҳбат намуда буд. Чун ҳамаи ҳолатҳоро дар атрофи фаъолияти сарназоратчии қонун болои мизони вақт

27 Нигар ба қиссаи Шарифбек Азизӣ “Оҳ, Тамара!”

пешина
аз 527
навбатӣ