Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гузоштам, ба хулосае омадам, ки курсии мансаб ҳам гоҳу ногоҳ дар ниҳоди курсинишин хирадмандиро ба бор меорад.28


-Ҳамбастагиро дар алоқамандии ҳарду ҷиноят прокурори шаҳр дарёфтааст ва гумон мекунам чаро чунин шудааст, шумо худатон мефаҳмед, баъди шунидани мақсаду мароми банда андешаҳояшро иброз намуд муфаттиши прокуратураи ноҳияи Сарчашма Ризвони Ҳаким.
-Яъне, то кунун ягон гиреҳе дар бораи алоқаманди ин ду ҷиноят шуморо дар даст нест?
-Нест, ба ҷуз оне ки онҳо ҳарду сокини як бино буданд.
Шояд дар ин ду ҳодиса ягон пайвастагие ҳам набошад ё шумо чунин намешуморед?
-Баҳс намекунам, вале дар ҳодисаи пешин як ҳолате ҳаст, ки то кунун моро ором намегузорад.
-Шуниданаш мумкин.
-Чаро не.
-Пас агар чунин аст, гӯшам ба шумо.
-Бояд зикр намоям, ки ҳарду ҷабрдида ба ҷуз дар як бино зиндагӣ намудан ҳуҷраҳояшон болои ҳам ҷойгиранд ва дар ҳама чунин хонаҳо рафту агар садое аз меъёр зиёдтар ғулғула афканад, ҳамсояи дар боло ва ё поён буда аз он огоҳӣ хоҳад ёфт, вале дар ин ҷода то кунун моро далеле дар даст нест ва гурӯҳи тафтишотие, ки банда шомили он ҳастам, бар он назаранд, ки агар дар ҳақиқат ҳодисаи дуюм ба ҳодисаи пешин алоқамандие дошта бошад, онро дар рӯ ба рӯ омадани Ашӯр Ғулом бо нафаре мебинад, ки дар он нисфирӯзии 8 декабр аз манзили Мижгони Файз берун омадааст ва ё бо кадом роҳе ӯ партофтани олоти ҷиноятро дида ва ба шантажи нафари аз манзили дар ошёнаи ҳафтум беруномада даст задааст.
-Олоти ҷиноят чӣ будааст?
-Асбоби кундаланге, ки паҳлуҳояш тез нестанд.
-Шояд шишаи май будагист?

28 Нигар ба қиссаи Шарифбек Азизӣ “Духтаре бо вашми гули лола.” -Дар аввал мо ҳам чунин андеша доштем ва ҳатто ба қавле он олотро аз қубури ахлотпарто ёфта, ба ташхисгоҳ фиристодем, вале ҳамаи кӯшишҳоямон дар ин самт бе натиҷа анҷомид.

пешина
аз 527
навбатӣ