Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-То замоне ки мо алоқамандии ин ду ҳодисаро собит насозем, дар бораи дар истеҳсолот якҷоя намудани онҳо каломе гуфтан ғайриимкон аст ва биёед, рафиқ майор, якҷоя аз ҳамин кунҷ ба рафти ҳодисаҳо назар афканем, гуфт муфаттиши прокуратураи ноҳияи Сарчашма, ҳуқуқшиносӣ дараҷаи дуюм Ризвони Ҳаким ва мо худоҳофизӣ намудем.
Ҳолати дигареро низ интизор шудан ғайриимкон буд ва дар ин бора ҳампешагонамонро аз милиса ва прокуратураи ноҳияи Сарчашма гунаҳкор намудан аз рӯй инсоф набуд, модоме дар давоми даҳ шабонарӯз мо худ дар ин ҷода дастоварде надоштем, пас чӣ тавр метавонистем инро аз гурӯҳи Ризвони Ҳаким талаб намоем.
Ба автобус нишаста, ба самти коргоҳ ҳаракат намудам.
Баъди чанд истгоҳ ҷаҳду талошҳои кормандони хоҷагии коммуналии шаҳрро дидам, ки дар Майдони марказӣ, дар он ҷое, ки замоне бародарони ҳамхуну ҳамзабонам бо наъра бо сангу кулӯх ба ин майдон омада, дар сангарҳои муқобили ҳамдигар нишаста чун “патриоти”!29 Ватан дар зери ливои турку тозӣ аз “озодӣ” ва демократия ҳарф зада, дар хуни Ватан бозӣ карданд, бо гузашти солҳо хатои хешро фаҳмида, садои дили хешро дар зери навои рӯду обшорони Ватан ҷӯр намуда, баҳри ободии кишвар дасту остин барзаданд ва шояд имрӯз бархе аз он “патриотҳо”дар қатори дигар кормандони соҳаи коммуналии шаҳр дар тараддуди ҷо ба ҷо намудани арчаи солинавӣ буданд ва ин амал худ як нишонае аз ободу осудагии кишвар буд.
Дар истгоҳи рӯ ба рӯӣ прокуратура аз автобус фаромада, роҳро убур намуда, ба тарафи бино ҳаракат намудам.
Муфаттиш бо коғазҳои дар болои миз буда “бозӣ” дошт ва баробари по ба остонаи дафтари кориаш гузоштанам, бо
29 Ишора ба сухани Л.Н.Толстой – “Патриотизм это последние убежещи негодяев.” (Патриотизм – ин гурезгоҳи охирини аблаҳон аст).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё