Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

чеҳраи кушод ба истиқболам бархест ва курсиеро барои нишастанам нишон дода гуфт:
-Ҳампешаҳои дар ноҳияи Сарчашма будаи моро чӣ андешаҳое дар сар аст?
-Онҳоро низ дар ин самт дастоварде нест, вале муфаттиш Ризвони Ҳаким иброз намуд, ки баҳри дарёфти алоқаманди мо бояд аз ҳарду самт ба як кунҷ назора намоем.
-Ба ҳаминаш ҳам шукр.
-Акнун чӣ бояд кард?
-Инро ман бояд аз шумо пурсам.
-Аз ман?
-Бале, аз шумо ва ман чӣ гуфтанамро ҳам, албатта, медонам. Охир ман чӣ тавр метавонам бо ин ҳама бетаҷрибагӣ дар кор ба шумо маслиҳат диҳам, модоме худам ба маслиҳату машварати шумо барин пири кор ниёз дорам.
-Пас ҳисоб намоед, ки мо аллакай дар гил дармондаем.
-Хайрият дар ботлоқ нагуфтед.
-Нагуфтам ба ҳамон хотир, ки аз ботлоқ дар кам ҳолатҳо имкони баромадан ҳаст, вале то кунун дар гил касе умрбод намондааст ва ҳамеша баҳри аз он баромадан имкони талош варзидан ҳаст.
-Ташаккур.
-Умед охирин шуълае дар зиндагии мост ва ҳифзу нигоҳдории он чун фарз дар гардани мо ҳамчун қарз боқӣ монда.
-Пас агар чунин аст, биёед баҳри бозгардонидани қарзи дар зиммаамонбуда чорае андешем, - гӯён муфаттиш нуқтаи назари хешро, ки баъди таҳлилҳои чандинкарата рӯйи лисон оварда буд, бароям арзонӣ дошт.
-Яъне, моро лозим мешавад, дубора аз пайроҳаи аввалаамон гузашта боз қадам занем?
-Роҳи дигареро ман надида истодаам, вале агар шумо, рафиқ майор, пешниҳоди ҷолибтаре доред, банда тайёрам онро шунида, баъди таҳлилу баррасӣ андешаҳоямро баён намоям.
-Беҳтар он аст, ки банда шуморо аз таҳлилу баррасиҳои беохир ҳифз намоям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё