Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Сипосгузорам...


Он чунон зӣ, ки чу аз ҳодиса барбод равӣ, Пӯсти маънӣ нагузорад, ки ту аз ёд равӣ.
Пайраҳае, ки акнун мо дунболагираш будем, аз ҳама пайроҳаҳои кӯҳии то ба ин дам дидаи банда хатарноктар буд, ҳарчанд ин амали мо нисбати онҳое, ки аз ин пайроҳа гузаштаву ҷони хешро аз даст дода буданд, аз ҷиҳати ҷисмонӣ дигар хатареро ба бор намеовард, вале аз нигоҳи инсонӣ, ки дар зиндагию марг ҷӯёи номи нек аст, мушкилоти зиёдеро пешорӯи мо овард. Танҳо як хато ҳам метавонист, номи нафареро, ки аллакай ҷони хешро аз даст дода буд, доғдор намояд ва ин ҳама барои пайвандону наздикони онҳо болои сӯхта намакоб гардад. Се шабонарӯз мо бо роҳҳои оперативӣ ин масъаларо дунболагирӣ намудем. Натиҷаи ин ҳама пайгириҳо моро то ба он чорроҳае овард, ки ҳатто вохӯрии ду ҳамсояро дар он мавзеъ интизор набудем.
Далелҳои бо роҳи оперативӣ ба дастовардаро мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, ман боз ҳамон суханони ҳамсуҳбати ношиносамро ба ёд овардам:
“Ин ҳама натиҷаи бе ҷазо мондани онҳоест, ки қонунро поймол намуда, бо ҳар роҳу восита аз об хушк мебароянд ва милиса то кунун дарк накардааст, ки бе ҷазо мондани ҳама гуна гунаҳкор бе қонунятиро ба бор меоварад.” Ҳарчанд зарурияте барои муайян кардани шахсияти нафаре, ки як мақомоти калони давлатиро дар хунукназарӣ муттаҳам кардан хост набуд, вале инкор намудани он каломи шунида ин баробари аз аз паси панҷа ба фаъолияти мақомоти милиса, ки банда низ як ҷузъи он будаву аз ҳамин ҳисоб рӯзгорро пеш мебурдам, нигаристан буд. Баъди андешаҳои зиёд ва таҳлили маводҳои оперативӣ ба хулосае омадам, ки “мунаққид” - ро ҳадафе ба ҷуз чашми бандаро ба ҳақиқати зиндагӣ кушодан дигар ғуборе дар дил набуд ва каломи аз замираш бурун омада на аз рӯй риё, балки ба хотири Худо буд...

пешина
аз 527
навбатӣ