Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

“Чтобы увидеть радугу надо пережит дождя,”30 -гуфтани мардумро сабабе ҳаст ва мардум низ ба хотири рӯзҳои нек ҳама он муноқишаву нофаҳмиҳои миллатро дар ҷанги шаҳрванди таҳаммул намуда, баҳри пойдор нигоҳ доштани сулҳу салоҳ аз гуфтани каломи дилхарош, вале ба манфиати кор буда, худдорӣ намекунанд. Пас агар чунин аст, сухангӯи онрӯза чашми моро ба рафти фаъолияти хизматиамон бештар кушодан хост.
Дӯст гӯяд табарвор...
Ҳамеша андешаи гузаштани обро дар хушкӣ намудан беҳтар аст, вагарна чун худро ба рӯди пуртуғён афкандӣ дигар ягон андешае ба кор наояд. Хатои нафарони аз дунболи нафс рафта ва пойи болои қонун гузошта он аст, ки онҳо нигоҳи атрофиёнро сарфи назар мекунанд, бехабар аз он ки “глаз народа, глаз божий”31гуфтани мардум худ як ҳикмате дар кушодани чашми мо ба зиндагист.
Мисли оне, ки реклом механизми ҳаракатдиҳандаи тиҷорат аст, дар ҷиноятҳои мухталиф, ки аз нигоҳи тафтишот дар алоқамандӣ қарор доранд, таҳлил ва муқоисакунӣ мавқеи асосӣ дорад. Маҳз аз ҳамин нигоҳ ҳайати гурӯҳи дар дафтари кории муфаттиши прокуратура сари мизи мудаввар гирдомада андешаҳои хешро баён намуда, муқоисаи гуфтугӯи як моҳи охири иштирокчиёни амалиётро аз рӯйи таблограмма зарур шумориданд. Сарвари гурӯҳ баъди шунидани пешниҳодҳо худ андешаҳояшро чунин баён намуд:
-То андозае ҳақ ба ҷониби шумост ва аз он ки то ба имрӯз мо сари ин масъала андеша накардем, ин гуноҳи худи мост. Дар масъалаи гирифтани таблограмма ман имрӯз бо мактуби расмӣ ба ширкатҳои алоқаи мобилие, ки таваҷҷуҳи тафтишотро бедор намудаанд, муроҷиат менамоям, вале санҷиши дигар лаҳзаҳоро низ ки метавонанд дар такон додани ин ду ҳолати кор рӯшанӣ андозанд, набояд аз хотир баровард.

30 Барои рангинкамонро дидан гузаштани боронро таҳаммул намудан лозим.
31 Нигоҳи халқ, нигоҳи Худост.

пешина
аз 527
навбатӣ