Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Кадом ҳолатҳои кор аз нигоҳи мо дур мондаанд? - пурсид нафаре, ки забони ростгӯяш дар рӯзи дуюми ҳодисаи ба сари Мижгони Файз омада ӯро то ба қубури ахлотпартоии он бинои баландошёна бурда буд.
-Ман тамоми ҳуҷҷатҳои дар парванда гирдовардашударо варақгардон намудам ва ба хулосае омадам, ки дар биное, ки тай се ҳафтаи охир ду сокинаш ҷони хешро аз даст додаанд, то рӯзи 7 декабр камераҳои назоратиаш кор мекарданд ва ҳамагӣ як рӯз пеш аз ҳодисаи ба сари Мижгони Файз омада камераҳо аз кор монданд. Шояд ҳамаи ин тасодуф бошад, вале моро лозим буд ба ҷуз санҷидани ҳамин ҳолат боз ба камераҳои назоратии биноҳои атроф низ таваҷҷуҳ зоҳир менамудем.
-Боз чӣ? - пурсидам ман.
-Як ҳолате дар ҳолномаи Мижгони Файз ҳаст, ки аз мадди назари мо ба тамом дур монда ё ба назари ман ҳамин хел намуда. Шумо, рафиқ майор, намегӯед, ки мо кадом ҳолатро ба тамом аз ёд баровардем?
-Чун ҳангоми гузаронидани санҷиши ҳуҷҷатию молиявӣ дар филиали бонки “Аврора” ягон норасоие ёфт нашудааст, доғеро дар ин самт дар ҳолномаи собиқ мудири бонк ҷустан хатост, вале моро лозим меояд, ки шахсияти сарпарасти вайро, ки боиси як қатор андешаҳои мухталиф гардидааст, муайян намоем. Ман ҳайронам, ки чаро прокурор нишондоди Сабоҳати Комилро дар бораи вакилону вазирон напазируфт?
-Аслан нишондоди шоҳиди аввал нишондоди одӣ нест.
Охир чӣ тавр метавонад кадом як тамокуфурӯше вакилу вазиреро роҳнамо бошад. Шояд онҳое, ки ба тамокуфурӯш арҷ гузоштаанд, умуман, вакилу вазир набуда, балки курсинишини сатҳи поёнтаранд? Ба ҳар ҳол прокурорро ҳам фаҳмидан лозим, чунки нишондоди шоҳид аз нишондод дида ба нота32 шабеҳи бештаре дорад. Шубҳа бар он дорам, ки сарпарасти Мижгони Файз ба хотири шӯҳрат ва ё дар соя монданаш чунин лақабро ба худ нагирифта бошад. Дар он

32 Нота – изҳорот, ки дар ҳолатҳои махсус давлатҳо байни ҳам мубодилаи афкор мекунанд.

пешина
аз 527
навбатӣ