Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

сурат муайян намудани шахсияташ ба маротиб душвортар мегардад ва агар ин кор ба мо даст диҳад, пас ба ҳама андешаҳои ботил нуқта хоҳем гузошт.
-Дар атрофи ҳамаи ин гуфтаҳои шумо мо кор бурда истодаем ва гумон намекунам гузаштаи дури вай боиси таваҷҷуҳи мо шуда натавонад.
-Маҳз дар гузаштаи дур ӯ ситораи ВАО буд, мефаҳмед ситора, вале мо то кунун ба ҳамаи ин аз паси панҷа нигаристем.
-Мижгони Файз дар клуби ҳавонавардони ҷавон соҳиби курсию мансаб набуд, ки садди роҳи каси дигар шуда бошад.
Ба замми ин, ба чунин намуди варзиш на ҳар кас таваҷҷуҳ дорад, хусусан занҳо ва ӯ шояд дар байни ҷавонони дар сексияи парашутистҳо аъзо буда худ чун гули сари сабад буд.
Эҳтимол мардҳо барояш имконият фароҳам оварданд, то ӯ чун нигине дар ангуштарин ҷило диҳад ва ҳамин таконҳо сабаб гардидаю вай ситораи варзиш шуд,-паст наомада гуфт Ҷомии Шариф.
-Пас чаро он ситора бармаҳал ҷой гармашро тарк кард?
Чӣ, барои иқтисодчӣ дар клуби ҳавонавардони ҷавон дигар кор ёфт нашуд? - эътироз намуд муфаттиш.
...
-Рафиқ лейтенанти калон, аз шумо мепурсам, ки чаро ситораи ВАО бармаҳал ҷойи гармашро тарк кард?
-Кӣ медонад. Дар замони аз варзиш рафтан ӯро чӣ андешае ба сар омада буд? - гуфт Ҷомии Шариф.
-Ана ҳамин ихтилофотро аз байн бардоштан лозим меояд.
-Модоме ки роҳи дигараш набошад, чӣ илоҷ?
-Роҳи дигареро намебинам ва хуб мешуд, агар шумо, рафиқ лейтенанти калон, санҷиши камераҳои назоратии атрофи бино ва Акбар Ҳакимович омӯзиши рӯзгори гузаштаи Мижгони Файзро ба душ мегирифтед...
33 Аз ПДС ҳарчи фармуданд овардам ба ҷо,
33 Парашютно дисантная служба (Хизмати дисантию парошюти).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё