Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Даст мондам, муҳр карданд, мепарам фардо яқин.
Гунбази абрешимин бошӣ ту гар болои сар, Зинда баргардам зи авҷи осмонҳо бар замин.
Баробари пой ба остонаи клуби ҳавонавардони ҷавон гузоштан нигоҳам ба ҳамин навиштаҷоти бо ҳарфҳои зарин дар рӯ ба рӯӣ дари даромадгоҳ ҳакокишуда бархӯрд. Ман онро на як ё ду, балки се маротиба батакрор хондам. Ҳарчанд аз мактаби шеъру шоирӣ фарсахҳо дурам, вале дар ҳамин чор мисраъ фалсафаеро чун оинномаи ин маркази таълимию варзишӣ дарёфтам. Оинномаеро, ки асосаш дар каломи гунбази абрешимин нигоҳи Офаридгорро ба риштаи тасвир кашида, яъне набурад рагеро нахоҳад Худо. Мисли оне ки “Бе амри Худо барг наафтад зи дарахт, гар амр шавад на барг монад на дарахт” ва ишора ба ҳамаи ин суханони Пири Нишопурӣ,34 ки гуфта: “Чун парда биафтад, на ту мониву на ман”...
Сипас долони барҳавои клуби ҳавонавардони ҷавонро, ки бо акси ситораҳо “гулрез” буд, мавриди назар қарор дода, симои он ситораи ба ҷустуҷӯяш омадаро ҷӯё шудам. Дар қатори дуюм акси нафари таваҷҷуҳи тафтишот бедорнамударо дидам. Ҳарчанд насаби дар зери акс омада дигар буд, вале ман симои Мижгони Файзро, ки солҳои ба клуб омаданаш Мижгони Ҳамроҳ ном доштаст, шинохтам.
Ман ҳамин аксро дар албоми хонаводагии Фирӯзи Файз дида будам ва имрӯз бошад андозаи калони ҳамон акси хурд дар рӯ ба рӯям меистод. Ҳатто бовар намудан мушкил буд, ки ҳамон духтараке, ки замоне ситораи ВАО буд, дигар дар қайди ҳаёт нест.
-Чӣ дунёе... Рафтанду равему боз оянду раванд.35 Зиндагӣ аз неку бад ҳамеша ба мо паём медиҳад, вале моро нисбати ҳамаи ин парвое нест. Воизе аз Каломи раббонӣ ҳарф зада Хайрро ситоиш мекунад, вале худ мутеъи нафс гашта, гоҳҳо бо Шарр ҳамрозу ҳамнишин мешавад. Ҳамаи инро мо мебинем, вале эътирозе намекунем, чунки ба гуфти

34 Манзур Умари Хайём аст.
35 Ишора ба сухани Умари Хайём.

пешина
аз 527
навбатӣ