Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

ҳамон воиз дар “Каломи раббонӣ”омадааст, ки “изои муъмин ҳаром”. Дар чунин ҳолатҳо мо ҳатто ҷуръати ҳимояи хеш ва атрофиёнро надорем. Мо низ мисли ҳамон рамаи гӯсфандони дар чаро буда, ки лаҳзае пеш гург он якеро гулӯ даронд, сокиту бепарво ба роҳи хеш равонем, ҳол он ки дар ҳолати аввала гӯсфандро ҳамҷинсаш не, балки гург гулӯ дарида, вале дар ҳодисаи дуюм ҳамҷинс қасд ба ҷони ҳамҷинси дигар намуда. Гоҳҳо мо аз чунин амалҳои нопок огоҳ шуда, аз рӯйи риё ё тарс хомӯширо алвотар медонем ва ба ин васила гунаҳкорро аз ҷазо озод мекунем. Мо ҳатто андеша намекунем, ки ҳамҷинси мо, ки қасд ба ҷони ҳамҷинси дигарамон намудааст, ба васвасаи шайтони алайҳилаъна гирифтор шуда, хуни ноҳақ рехтааст ва ба ҷои ӯро ба муҷозот кашидан кирдорашро нодида гирифта, бо ҳамин беамалии хеш пуштибонаш мешавем. Пуштибони нафаре, ки аз пайроҳаи оне рафта, ки дар замони офариниши олам бо амри Худованди азза ва ҷалла ба турбати аз хок офаридаи инсон саҷда наовард. Тамоми малоики олам ба турбати инсон саҷда оварданд, ба ҷуз шайтони алайҳилаъна ва барои носипосӣ аз даргоҳи Офаридгори Бузург ронда шуда. Акнун ҳамин рондашудаи даргоҳи Парвардигор баъзан “маслиҳатчии” ашхоси алоҳидае гардида...
Рӯ ба рӯйи акси Мижгони Ҳамроҳ қарор гирифтани бандаро дида, нафаре, ки шаҳодатномаи хизматиамро дидаву барои воридшавӣ ба бино рухсат дод, паҳлуям рост шуда пурсид:
-Духтарак ягон хешатон?
-Чӣ шумо ӯро мешиносед?
-Не.
-Чӣ тавр дар ҳамин клуб кор кардаву ҳамдигарро намешиносед?
-Ман ҳамагӣ ҳашт сол боз ин ҷо кор мекунам, вале боре ҳам ин духтарро вонахӯрдаам.
-Пас маълум мешавад, ки духтарон ин ҷо зиёданд.
-Ҳавасмандони ин шуғли варзиш аз байни духтарон кам нестанд, вале на ҳама соҳиби ҷоиза мегарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё