Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

–Чӣ фарқ дорад, ки корро бо хоҳиши худат кардӣ ё бо амри дигарон. Аз иваз кардани ҷои ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағйир намеёбад. Натиҷааш як: рехтани хуни одамӣ.
– Ҳамааш амри Худост. Бубин Солеҳ Ҷалил маро аз байни издиҳоми ба шӯромада халос кард, бехабар аз тақдири хеш, ки Офаридгор ҷони ў бо дасти ман мегирад. Яъне, худ қотили хешро аз дами марг озод кард, то рўзе хунаш бирезад.
Ин ҳама аз тақдир будааст ва бо тадбир онро кас натавонад дигар кунад…
Дишаб ў ба воситаи “оинаи нилгун” филми бадеии «Эдип» – ро дид. Аслан саргузашти Эдип чун саргузашти худи ў ва Солеҳ Ҷалил буд. Не, саргузашти Эдип ин тамоман мавзуи дигар буд. Ў ба ёд овард, ки чӣ тавр Эдип роҳи худ тағйир дод, то қотили падар нашавад ва боз… вале чун амри Худованд буд, роҳ ўро ба манзиле бурд, ки хуни падар бирехт ва бо модар…
Магар чунин ҳолатҳо дар дунё каманд. Шояд чунин ҳодисаҳо лаки дар лак бошанд, вале мо намедонем ва саргузашти Эдипи бечора ин худ қатраест дар баҳр…
Бубин, шеф бо дасти ман хуни наҷотдиҳандаамро резонд ва боз аз зери нохунам чирк кофтанист. Чаро? То хуни ман низ бирезад. Аз ин ҳама хунрезиҳо ба вай чӣ фоида? Ҳоло Лайлӣ ба куҷо рафт? Чаро ман ўро дунболагир нашудам? Мо зиндагиро танҳо он вақт мефаҳмем, ки аллакай дер шудааст.
Лайлӣ рост гуфт, ки мо ҳама лӯхтаки дасти шеф ҳастем. Ва чаро он лӯхтакча ин қадар тез ин кулбаро тарк кард? Ё боз ўро хумори бозӣ гирифт? Модоме ки шеф ба ў боварӣ надоштааст, пас шарт буд, ки худро бо дасти хеш буғӣ кунад?
Аз он ки ману Лайлӣ лӯхтаки бозии тақдир гаштаем, ба ҷуз худи мо касе гунаҳкор нест…
Нохост шохе аз он дарахти пир бишкаст ва писарбачае, ки болои он буд, ба замин афтод. Бачаҳо дар як мижа задан ўро аз замин бардоштанд ва аз дастонаш гирифта, ба тарафи бино бурданд. Маҳфили бачаҳо ҳамон замон пароканда шуд.
Дар саҳни ҳавлӣ ба ҷуз он дарахти пир дигар нишоне намонд.
Чун саҳни ҳавлӣ мисли танӯр бе нон монд, дили Даврон ҳазин гашт ва ҳамаи андешаҳои хешро, ки то ин лаҳза дар қалбаш туғён доштанд, мисли кабӯтарҳои рамида дар парвоз дид. Кабӯтарон пару болзанон гоҳе пасту гоҳе баланд бол мезаданд ва андешаҳои ўро паҳну парешон ва дастнорас мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё