Шоҳроҳи истиқлол

Э Худочон! Кошкӣ ин лаҳза ман кўдаквор гириста метавонистам! Он гоҳ аз шармандагӣ ва маломатҳои таҳқиромези ботинам халос мешудам.
Не, лолу карахт будам, фақат панҷаҳоям сари ду шонаи устод мепариданд, меларзиданд, гўё ҳам тасаллӣ медоданд ва ҳам ба ҷои соҳиби худ узрхоҳӣ мекарданд.
Магар ман гиристанро барои ин бад мебинам, ки дархўрди мард нест?
Чист гиристан?
Гиристан магар осудагӣ тавлид мекунад?
Балки бечоранолист гиристан?
Намедонам, фол намезанам, аммо аз ин ки гиристани зиндонӣ дорам, рўҳан сахт мушаввашу дар азобам. Боз мепиндорам, ки гириста натавонистанам анҷоми соярўшане дорад, ки чун онро ташхис кардан бихоҳӣ, ҷисму ҷонатро вараҷаи сарде пахш мекунад. Танҳо бо ҳарос ва оҳиста аз худат савол медиҳӣ, ки дар зиндагӣ боз киҳо гириста наметавонад? Ва ҳатман ҷаҳд мекунӣ, ки посух мубҳаму номакшуф бошад.
Пайкари устод Ғолибро байни бозувонам сахттар фишурда хиҷолатоҳанг гуфтам:
– Гиря накунед, устод. Ҳатто ҳамин мусибат ҳам одамони бузургро хуш мекунад. Бисёр афсўс, аммо чӣ илоҷ?!
– Ту камтар истову маро аз оғўшат раҳо накун. Он қадар танҳоям! Он қадар танҳоям!, ки хаёлам косаи осмон ҳамин замон чаппагардон мешавад. Мисле ки талхии даҳон бошам.
Эҳ, Ҷонибеки ҷун, эҳ, додари ширин, чаро ин қадар аз сабру тоқат гурезон шудаам? Ё дигар дар дилам мадори сабр намонда бошад?
– Не, устод. Шумо одами табиатан пурбардоштед, фақат ин лаҳза заҳру заққуми мусибат шуморо ба азоб кашидааст.
– Гуфтан мехостӣ, ки обу адо кардааст. Ҳамин тавр? Дар чеҳраи афсурдаи устод Ғолиб ифодаи кунҷковонаеро дида, ба замин чашм дўхтам ва лаҳзае пас сар бардошта беҷуръатона гуфтам:
–Ҳатто ҳамин танҳоӣ барои кадом як хушбахтиест, ки кай омаданашро намедонем. Балки чунон хушбахтиест, ки одамон онро на фаҳмида метавонанд, на истиқбол гирифта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё