Шоҳроҳи истиқлол

Хушбахтии номаълуму номаҳдуду тасаввурнопазир.
– Яъне, саодати афсонавӣ. Фақат онро нақл карда мешавад.
Инашро мефаҳмам, – устод Ғолиб оҳи бадарде кашида, бо ризоияти пуртаассуфе сар ҷунбонд: – Ана, ба ман дурусттар нигоҳ кун: ришам расидагӣ, гўё бардам, солор, одамон ҳама бо меҳр ва изҳори ҳамдардӣ ба рўям нигоҳ мекунанд – нигоҳ мекунанд, дар баробарам ашк мерезанд, ғусса мехўранд, лекин дар таги дилам оҳу афсўси пурасрору навмедонае чун сиёҳии ғализи таги дег хона мондааст, ки акнун чӣ кор мекунам? Сарамро ба кадом дар гирифта мебарам? Э Худои меҳрубон, аз ҷамъи ин ҳама одамони дилсўз то куҷо гурезам?…
Зўрам ҳамин аст, ки шукр гуфта метавонам! Аммо боз мефаҳмам, ки ҳеҷ кадоме аз инҳо баробари дарди дарунам бо ман дўст шуда наметавонад. Ин нишонаи чист? Танҳоӣ, навмедӣ, бечораҳолӣ, ё гум шудани сарҳисоб…
– Не, устод. Ин заъфи мусибатест, ки шумо омаданашро ҳеҷ тасаввур намекардед. Барои ҳамин гоҳе мегўянд, ки бахту барори қоиммақом чандон хосияти хуб надорад. Нодорӣ беҳтарин сарват аст. Инсон баъзан гўётарин сабақҳои зиндагиро айёми ба нодорӣ ва маҳрумият дучор омадан мебардорад ва ба камол мерасад.
– Мефаҳмам, тасаллӣ медиҳӣ. Хайр, Худованд аз ин рўзи сахттарашро нишон надиҳад. Барои душмани кас нишон надиҳад! Душман бисёртар хурсанд бошад, барои зарар расондан фурсат намеёбад, лекин охир гуноҳи фарзанди ман чӣ буд, ки ўро ваҳшиёна куштанд? Вай охир, зистан, орзу шикастан мехост!
Боз шонаҳояш, андактар тамоми вуҷуди устод Ғолиб ба ларза меояд ва ман бачаи гунаҳкор барин музтар мемонам.
Нохост мегўям:
– Устод, ман умуман гиря карда наметавонам. Сахт шармандаам…
– Медонистам, ки ҳамин гапро мегўӣ. Агар намегуфтӣ, дилам дур мерафт: яъне, маро фақат ба хотири мусибатам тасаллӣ медиҳӣ. Инсон мусибатро ҳар хел пушти сар мекунад. Бовар кун, Ҷонибеки ҷун, аз фарзанди падарам зиёдтар дўстат медорам. Наход дўст хоҳад, ки ашки сўзони дўсташро бубинад? Лекин, ки омадӣ… Ана, ҳамин хел ман… танҳои танҳо, чӣ кор кунам? Мегўӣ, ки тоқат?
– Барои чӣ фақат тоқат? Ман умуман чизе гуфтан намехоҳам, танҳо мехоҳам дар паҳлўятон рост бошам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё