Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Вай таги тирезаи дигар рафт ва боз овоз дод, ҷавобе нагирифт.
Нўги пояш ба чизе бархўрд. Хам шуда даст-даст карда хиштеро пайдо кард, паҳлўи он хишти дигареро пайдо кард ва буни девор рўйи ҳам гузошта дар дил шод шуд, ки акнун қадаш ба лаби тиреза мерасад, дасташ мерасад, агар садояшро нашунаванд, бо ангушт ё нохун кўфта, касеро пайдо мекунад. «Калонхон!»
— Чаро намемонӣ, ки беморон хоб кунанд? Калонхонат кист, беваи пир?
Шунида шуд аз дарун, вале ба гўшаш бовар накард, бовар накард, ки як овози ҷавони занона ба ў чунин ҷавоб мегўяд. Андаке худро нигоҳ дошт, гўш дод, ки боз ягон ҷавоб меояд ё на.
Хомўшӣ буд. «Гўшам садо додааст... Калонхон!»
— Дафъ шав, бева!
Пиразан мисли муми шамъ, ки об шуда дар пои худ резад, тани деворро соида, аз рўи хиштҳо афтида ба замин зад... Вақте хест, ки рўзи калон шуда буд, вале то ин вақт надонист, ки дар олам чӣ ҳодисаҳое гузашт. Базўр хест. Аз таги тиреза дур рафта, боз даст ба пешонӣ лапар карда, нигарист, ки чӣ махлуқе дар хона бошад. Духтарчаҳо мегузаштанд, ки дар равшаноӣ китфу сари сафедпўшашон метофт.
— Эй, духтарам! – даст боло карда садо дод пиразан, – Эй духтарам!
— Ҳамин шаби дароз намондӣ, ки хоб равем, бева?
— Не, ман ҳозир омадам, саҳар омадам! Калонхонро мепурсам, писарамро!
— Ман надонам, ки писари ту кист? Дина ҷавоб дода буданд.
— Чӣ хел?
— Шаб як мурдаро бурда буданд...
Гўшҳои модар қулф зад ва дигар онҳо чӣ гуфтанд, нашунид, ў ҳам мурд...
Истад ўро бардошт. Он қадар дилсўзона не, балки аз дасташ дошта, боло кашид, ки ў хезад. Хест. Рост ба чашми Истад нигарист ва сар ҷунбонд: «Чаро фиреб медиҳӣ?» мепурсид нигоҳаш, аммо Истад гумон дошт, ки барои танҳо монда рафтанаш ин хел нигоҳ мекунад.
— Бубахш, оча, дигар илоҷ надоштам.
— Чӣ хел илоҷ?
— Ман шаб ин ҷо хоб мерафтам, қариб ними мардуми ин ҷо хабаргирӣ меомаданд. Воҳима мешуд, ки Калонхон касали вазнин аст.
— Магар... – давоми суханашро гуфта натавонист модар, сар ҷунбонд.
— Нағз, оча, нағз, имрўз аз сардораш ҷавоб мегирем, ки даромада бинӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо